Нахуствазири Укройн: Музокираи дуҷониба бо Русия имконпазир нест

  • 27 Май, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Ётсенюк(чап) музокира бо Русия бидуни ҳузури Ғарбро номумкин донистааст

Ҳамзамон бо коҳиши даргирӣ дар фурудгоҳи Дунетск, нахуствазири Укройн музокираи дуҷониба бо Русияро номумкин донистааст.

Ба гузориши расонаҳои хабарии Укройн, дар пайи набарди сангини рӯзҳои ахир байни нерӯҳои давлатӣ ва шибҳнизомиёни тарафдори Русия бар сари кунтрули фурудгоҳи шаҳри Дунетск, аз рӯзи сешанбеи 27 май аз шиддати даргирӣ дар фурудгоҳ коста шуда ва авзоъ нисбатан ором аст.

Бар асоси ин гузоришҳо, нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд дастикам бахше аз фурудгоҳро аз дасти шӯришиён хориҷ кунанд, аммо ҳанӯз бар тамомии ин фурудгоҳ мусаллат нестанд. Шаҳри Дунетск аз манотиқи фаъъолияти шибҳинизомиёни тарафдори Русия дар шарқи Укройн аст.

Агарчи ба нақл аз вазорати дифоъи Укройн гузориш шуда, ки нерӯҳои давлатӣ тамомии фурудгоҳро аз дасти шӯришиён хориҷ кардаанд, ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, ҳанӯз ҳам аз маҳалли фурудгоҳ садои тирандозии пароканда ба гӯш мерасад.

Ҳамазмон, Орсений Ётсенюк, нахуствазири муваққати Укройн, гуфтааст, ки ба мақомоти Русия эътимод надорад, то барои ҳалли буҳрони кунунӣ бо онҳо вориди музокироти дуҷониба шавад. Оқои Ётсенюк дар изҳороте, ки аз телевизиюни Укройн пахш мешуд, таъкид кард: "Дар шароити кунунӣ музокира бо Русия барои ҳалли буҳрони Укройн бидуни ҳузури Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо номумкин аст."

Image copyrightAFP
Image caption Ба гуфтаи мақомоти Укройн нерӯҳои давлатӣ дар бахши умдаи фурудгоҳ мусаллат ҳастанд.

Нахуствазири муваққати Укройн афзуд: "Ба маҳзи ин ки бо онон (русҳо) бидуни ҳузури Ғарб бар сари мизи музокира бинишинанд, қатъан дар садади фиребкорӣ бархоҳанд омад."

Изҳороти нахуствазири муваққати Укройн дар ҳоле мунташир мешавад, ки пештар Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии мунтахаби Укройн, аз гуфтугӯ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, барои ҳалли буҳрони сиёсии кишвар истиқбол карда ва гуфта буд, ки омодагии онро дорад, то авосити моҳи оянда бо оқои Путин дидор кунад.

Дар вокуниш ба ин пешниҳод, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, гуфтугӯ бо раиси ҷумҳурии ҷадиди Укройнро ба хотимаи амалиёти артиши Укройн алайҳи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи ин кишвар машрут карда буд.

Орсений Ётсенюк дар моҳи феврал ва пас аз раъйи порлумони Укройн ба барканории Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури собиқ ва интихоби Александр Турчинов ба раёсати ҷумҳурии муваққат ба симати нахуствазирӣ мансуб шуд. Давлати Русия иқдоми порлумони Укройн дар барканории Виктур Ёнуковичро ғайриқонунӣ донист ва раиси ҷумҳурӣ ва давлати муваққатро шӯришӣ хонд.

Image copyrightGetty
Image caption Пурушенку аз мулоқот бо мақомоти Русия истиқбол кардааст

Тибқи Қонуни асосии Укройн, раиси ҷумҳурӣ бо раъйи мустақими мардум интихоб мешавад, аммо нахуствазирро порлумони ин кишвар таъйин мекунад. Аъзои кобине ба истиснои чанд симати ҳассос бо пешниҳоди нахуствазир ва тасвиби порлумон мансуб мешаванд. Аммо вазирони дифоъ ва умури хориҷаро раиси ҷумҳурӣ барои ахзи раъйи эътимод ба порлумон муъаррифӣ мекунад.

Мушаххас нест, ки бо оғоз ба кори раиси ҷумҳурии ҷадид чи тағйироте дар давлати Укройн сурат хоҳад гирифт ва бахусус мавқеъияти оқои Ётсенюк, ки ба унвони сиёсатмадори тарафдори таҳкими равобит бо Урупои Ғарбӣ шуҳрат дорад, дар давлати ҷадид чи хоҳад буд.

Матолиби муртабит