Пурушенку қавл дод сулҳро ба Укройн бозгардонад
Image copyrightnaПетру Пурушенку, ки ба назар мерасад дар остонаи пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн бошад, мегӯяд хоҳони "поён додан ба ҷанг ва овардани сулҳ аст."
Натиҷаи расмии интихобот рӯзи душанбе эълом хоҳад шуд, аммо назарсанҷиҳо аз раъйдиҳандагон дар рӯзи якшанбе ҳокӣ аз пирӯзии ӯ бо 56 дарсади оро аст.
Оқои Пурушенку, ки як милёрдер ва соҳиби маҷмӯъаи бузурги шукулотсозии "Рушен" аст, гуфт, ки аввалин қадамаш боздид аз ноҳияи Донбас аст, ҷое ки ҷудоиталабони ҳаводори Русия кунтрули бисёре аз нуқотро дар даст гирифтаанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Киев ҳаргиз "ишғоли" Криме тавассути Русияро ба расмият намешиносад.
Ин интихобот се моҳ пас аз суқути давлати Виктур Ёнукович дар эътирозоти хунини умумӣ ва дархостҳо барои равобити беҳтар бо Иттиҳодияи Урупо, ки оқои Ёнукович ба хотири наздикӣ ба Русия дар баробари он муқовимат мекард, анҷом мешавад.
Аз он замон то кунун Русия Кримеро, ки як ҷумҳурии худмухтор дар Укройн буд, ба хоки худ мулҳақ карда ва ҷудоиталабони мусаллаҳ дар устонҳои шарқии Луҳонск ва Дунетск аз Киев эъломи истиқлол кардаанд.
Давлати муваққати Укройн ҳамакнун дар шарқи кишвар машғули анҷоми як амалиёти низомӣ барои фурӯ нишондани шӯришҳое аст, ки боъиси марги даҳҳо нафар шудааст.
Ҷудоиталабон дар рӯзи якшанбе раъйгирӣ дар манотиқи шарқиро башиддат мунҳал карданд. Гузориш мешавад, ки аз дувоздаҳ ҳавзаи раъйгирӣ дар навоҳии шарқӣ фақат ҳафттои онҳо дар рӯзи якшанбе фаъъол буд ва дар шаҳри муҳимми Дунетск ҳеч марказе барои раъйгирӣ гушуда нашуд.
Бо ин ҳол, кумиссиюни марказии интихобот гуфт, ки ҳудуди 60 дарсад аз 35.5 милюн раъйдиҳандаи воҷиди шароит мушорикат кардаанд.
Оқои Пурушенку дар як кунфронси хабарӣ дар Киев гуфт: "Аввалин гоми қотеъонаи ман дар ҷиҳати поёни ҷанг хоҳад буд, поёни ҳарҷу марҷ ва овардани сулҳ ба як Укройни муттаҳид ва озод."
Ӯ афзуд: "Ман мутмаъинам, ки иқдомоти қотеъонаи мо натоиҷи хеле сареъ хоҳад дошт."
Ӯ ҳамчунин қавл дод бо мардуми шарқи Укройн, ки бисёре аз сокинони он русзабон ҳастанд, вориди гуфтугӯ шавад.
Ӯ гуфт: "Барои касоне ки силоҳ барнамедоранд, мо ҳамеша омодаи музокира барои тазмини амният ва ҳуқуқи онҳо, аз ҷумла сухан гуфтан ба забоне, ки мехоҳанд, ҳастем.
Оқои Пурушенку гуфт ӯ ҳамчунин моил аст бо Маскав як паймони тозаи амниятӣ имзо кунад.
Ҳарчанд ӯ қавиан аз равобити наздиктар бо Иттиҳодияи Урупо ҳимоят мекунад, аммо ҳамчунин бар ниёз ба оддӣ кардани равобит бо Русия таъкид кардааст.
Русия суқути оқои Ёнуковичро ғайриқонунӣ ва давлати муваққати Укройнро номашрӯъ медонад.
Аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қавл додааст натоиҷи интихоботи Укройнро ба расмият бишиносад.
Киев ва Ғарб Русияро ба доман задан ба эҳсосоти ҷудоиталабона дар шарқи Укройн муттаҳам мекунанд, иттиҳоме, ки Маскав рад кардааст.
Ситоиши Омрико ва Бритониё
Раиси ҷумҳурии Омрико интихоботи Укройнро сутуда ва Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, онро "нишонаи қатъии" ҳимояти Укройн аз ислоҳот хондааст.
Борок Убомо гуфт ин як "гоми муҳим дар талошҳои давлати Укройн дар ҷиҳати муттаҳид сохтани кишвар" буд.
Агар назарсанҷиҳо дуруст бошад, ниёзе ба баргузории даври дувуми интихобот нахоҳад буд.
Бар асоси назарсанҷиҳо, Юлиё Тимушенку, нахуствазири собиқ ва наздиктарин рақиби оқои Пурушенку 12.9 дарсади ороро ба даст овардааст.
Оқои пурушенку якшанбешаб гуфт аз интихоботи порлумонӣ дар идомаи соли ҷорӣ ҳимоят мекунад.
Ин милёрдери 48-сола соҳиби маҷмӯъаи шукулотсозии "Рушен", як истгоҳи телевизиюнӣ ва чандин корхона аст.
Рӯзи якшанбе ҳамчунин интихоботи маҳаллӣ баргузор шуд ва Витолий Кличку, қаҳрамони букси собиқи ҷаҳон, бо истинод ба назарсанҷиҳо муддаъии пирӯзӣ дар интихоботи шаҳрдории Киев шуд.
Оқои Кличку ахиран аз номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷқумҳурӣ инсироф дод ва аз оқои Пурушенку эъломи ҳимоят кард.
Дар интихоботи рӯзи якшанбе ҳашт номзад ширкат доштанд.
