Мардуми Укройн имрӯз раиси ҷумҳури ҷадид интихоб мекунад
Image copyrightGettyМардуми Укройн чанд моҳ пас аз суқути давлати Виктор Янукович имрӯз барои интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид ба сандуқҳои раъй мераванд.
Интихоботи имрӯз ҳаждаҳ нафар номзад дорад, аммо тарафдорони Русия дар шарқи Укройн гуфтаанд, ки интихоботро таҳрим хоҳанд кард.
Беш аз 20 нафар дар рӯзҳои ахир дар даргириҳои артиш бо ҷудоиталабони рустабор ҷони худро аз даст додаанд.
Хушунат дар шарқи кишвар, бахусус дар ду минтақаи Дунетск ва Луҳонск, ки ду ҳафта пеш ҳамапурсии истиқлол аз Укройн баргузор карданд, сабаб шуда ки заминачинӣ барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он манотиқ бо хадашаи ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.
Давлати марказии Укройн дар Киев ва ҳомиёни он дар Ғарб таъсиси ҷумҳурии мардумии Дунетск ва ҷумҳурии мардумии Луҳонск дар натиҷаи он ҳамапурсиро ба расмият намешиносанд.
Бисёре дар шарқи Укройн муътақиданд, ки сарнагунии Виктор Янукович дар моҳи феврал дар асари шибҳикудетои нерӯҳои ростгарое будааст, ки аз ҳимояти Омрико ва Иттиҳодияи Урупо бархурдор буданд.
Акнун Петр Порошенко, сармоядоре, ки аз тариқи фурӯши шукулот ва танақуллот ба сарвате калон расида, дар назарсанҷиҳо бар дигар номзадҳо пешӣ дорад.
Пас аз ӯ Юлия Тимошенко, як нахуствазири собиқ, ки пас аз маҳкумият ба фасод муддате дар зиндон будааст, дар мақоми дувум қарор дорад.
Дар сурате ки ҳеҷ кондидотурӣ дар даври аввали интихобот (имрӯз) натавонад беш аз 50 дарсади ороро касб кунад, даври дувум дар 15 июн баргузор хоҳад шуд.
Давлати Русия гуфтааст ба натиҷаи интихоботи Укройн эҳтиром мегузорад ва ҳозир аст бо ҳар касе ки интихоб шавад, ҳамкорӣ кунад.
Ҳавзаҳои раъйгирӣ то соъати ҳашти шаб боз хоҳанд буд ва интизор меравад натоиҷи қатъии интихобот фардо (душанбе) эълом шаванд.
