Интиқоди шадиди Русия аз ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Укройн

  • 15 Июн, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Тазоҳуркунандагон ба худравҳои сафорати Русия ҳамла карданд

Русия ба ҳамлаи гурӯҳе аз тазоҳуркунандагони хашмгин ба сафорати ин кишвар дар Киев, пойтахти Укройн, башиддат вокуниш нишон додааст.

Тазоҳуркунандагон, ки дар баробари сафорати Русия таҷаммуъ карда буданд, парчами Русияро пора карданд ва ба чанд худраву панҷараҳои сафорати Русия осеб ворид карданд.

Ин ҳамла пас аз он рух дод, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия як ҳавопаймои таробарии низомиро дар шарқи Укройн мунҳадим карданд.

Русия бо муттаҳам кардани пулиси Укройн ба вокуниш нишон надодан ба тазоҳуркунандагон ин рухдодро нақзи таъаҳҳудоти байналмилалии ин кишвар унвон кардааст.

Ҳамзамон, Паймони Отлонтики Шимолӣ, Ноту, чанд тасвири моҳвораиро мунташир кардааст, ки таъйидкунандаи иддаъои давлати Укройн дар бораи убури тонкҳои Русия аз марзи ду кишвар барои кумак ба шӯришиёни ҷудоиталаб аст.

Русия ин иттиҳомро рад кардааст.

Тасовири мунташиршуда ҳаракати чанд тонки Ти-64-ро аз як пойгоҳи Русия ба дохили хоки Укройн нишон медиҳад.

Ин тонкҳо фоқиди нишонҳои артиши Укройн ҳастанд.

Дар тазоҳуроти рӯзи шанбе гурӯҳе аз таҷаммуъкунандагон ранг ва тухми мурғ ба самти сафорати Русия партоб карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Суқути ҳавопаймои низомӣ пурталафоттарин ҳамлаи ҷудоиталабон ба низомиёни Укройн будааст

Гузоришҳо ҳамчунин баёнгари партоби як куктели мулутуф ва шикаста шудани шишаҳои сафоратхона аст.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин ба чанд худрав бо плоки сиёсӣ осеб заданд.

Вазорати умури хориҷаи Омрико ҳам бо интиқод аз ин иқдом аз давлати Укройн хостааст ба таъъаҳудоти худ дар қиболи кунвонсиюни Виен барои таъмини амнияти намояндагиҳои диплумотик пойпанд бошад.

Таҳдид ба талофӣ

Дар пайи суқути як ҳавопаймои таробарии низомии Укройн, ки ба василаи ҷудоиталабон ҳадаф гирифта буд,Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии ин кишвар аз иқдоми талофиҷӯёна алайҳи онҳо хабар дод.

Ҷудоиталабон як фарванд ҳавопаймои Илюшин-76-ро дар ҳоле ки дар ҳоли фуруд ба шаҳри Луҳонск наздик мешуд, ҳадаф қарор доданд, ки ба марги 39 сарнишини он мунҷар шуд.

Ба гуфтаи оқои Пурушенку, касоне ки муртакиби терурисм мешаванд, муҷозот хоҳанд шуд.

Ин ҳодиса як ҳафта пас аз он рух дод, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия алайҳи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Луҳонск даст ба ҳамла заданд.

Фурудгоҳи Луҳонск дар дасти давлати Укройн аст, вале ҷудоиталабон кунтрули бақия шаҳрро дар даст доранд.

Матолиби муртабит