"Набардҳои шадид" дар Ислувёнски Укройн

  • 3 Июн, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Даргириҳо дар шарқи Укройн миёни нерӯҳои давлат ва ҷудоиталабони ҳаводори Русия ҳафтаҳо аст идома дорад

Расонаҳои русӣ ва укройнӣ аз идомаи набардҳои шадид дар шаҳри Ислувёнск ва манотиқи ҳавҷавори он дар шарқи Укройн гузориш додаанд.

Хабаргузории Итортоси Русия гузориш дода, ки субҳи зуди рӯзи сешанбе нерӯҳои Укройн ин шаҳрро ҳадафи ҳамлаи хумпораӣ қарор додаанд ва бар фарози он ҳавопаймоҳо дар ҳоли парвоз будаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки дар ҳамлаи ҷудоиталабон ба як посгоҳи нерӯҳо дар наздикии Ислувёнск як маъмури амниятӣ кушта ва 13 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Вазорати умури дохилаи Укройн гуфтааст садҳое, ки тавассути ҷудоиталабон дар роҳҳо эҷод шуда буданд, аз байн бурда шудаанд.

Ҳафтаҳо аст, ки минтақаи умдатан русзабони шарқи Укройн саҳнаи даргириҳои маргбор миёни нерӯҳои давлат ва шӯришиёни ҳаводори Русия аст, ки таъсисоти калидиро дар саросари минтақа тасарруф кардаанд.

Арсен Аваков, вазири кишвар аз сокинони Ислувёнск хостааст тайи замоне ки амалиёт алайҳи пайкорҷӯёни ҳаводори Русия дар ҷараён аст, дар манозили худ бимонанд.

Ӯ дар сафҳаи Фейсбуки худ гуфтааст "марҳалаи таҳоҷумии амалиёти зидди теруристӣ дар ҷараён аст".

Хабаргузории Итортос бо истинод ба манобеъи низомии худ гуфтааст дар ҳоле ки набарди шадид дар шимоли шарқи Ислувёнск рӯзи сешанбе дар ҷараён буд, низомиёни Укройн оташ худро дар рустои Семёновка мутамаркиз карда буданд ва аз нуқоти мухталифи ин русто садои тирандозии мусалсал шунида мешуд.

Ҷудоиталабон гуфтаанд як ҳавопаймо, як ҳеликуптер ва чанд тонкро аз байн бурдаанд, аммо ин иддаъоҳо аз суи манобеъи мустақил таъйид нашудааст.

Хабаргузории Итортос ҳамчунин мегӯяд рӯзи душанбе дар шаҳри Кромотурск, воқеъ дар 10 килуметрии шаҳри Ислувёнск низ даргириҳои сангин сурат гирифтааст.

Ин хабаргузорӣ гуфтааст садои инфиҷор ва ҳамлаи хумпораӣ дар фурудгоҳи кучаки маҳаллии ин шаҳр шунида мешуд ва дар ҷойҳои дигари ин минтақа се нафар шӯришӣ кушта шудаанд.

Рӯзи душанбе садҳо ҷудоиталаб ба як маркази маҳаллии фармондеҳии нерӯҳои марзбонӣ дар наздикии шаҳри Луҳонск ҳамла карданд.

Гузориш шудааст, дар ҷараёни ҳамла ба ин марказ 5 пайкорҷӯ кушта ва 8 тани дигар ҳам маҷруҳ шудаанд.

Гуфта мешавад 7 марзбон низ захмӣ шудаанд.

Шумори афроди мусаллаҳи тарафдори Русия дар ин ҳамла беш аз 500 нафар дониста мешавад.

Хабарнигорон мегӯянд ҷудоиталабон дар ҳамалоти худ ба мавозеъи нерӯҳои давлат бештар аз пеш сарсахтӣ нишон медиҳанд, зеро талош мекунанд силоҳ ва муҳиммоти нерӯҳои Укройнро ба даст оваранд.

Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури мунтахаби Укройн гуфтааст авлавияти ӯ пойн додан ба ҷанг дар шарқи кишвар аст.

Аммо низоъ дар рӯзҳои ахир шиддати бештар ёфтааст.

Матолиби муртабит