Мақомоти Укройн бар муқобилаи қотеъона бо ҷудоиталабони тарафдори Русия таъкид карданд
Image copyrightGettyМақомоти укройнӣ аз идомаи амалиёти артиш алайҳи шибҳнизомиёни тарафдори Русия сухан гуфтаанд ва хабарҳое аз бурузи таниш дар миёни ҷудоиталабони шарқи Укройн интишор ёфтааст.
Рӯзи ҷумъаи 30 май, Михойлу Кувол, кафили вазорати дифоъи Укройн, гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ ба амалиёт алайҳи "шӯришиёни" ҷудоиталаб дар шарқи ин кишвар идома медиҳанд, то "низоми амният"-ро ба ин минтақа бозгардонанд.
Дар рӯзҳои ахир, артиши Укройн ба як ришта амалиёти таҳоҷумӣ алайҳи шибҳнизомиёни тарафдори Русия дар манотиқи шарқи ин кишвар даст зада ва кафили вазорати дифоъ гуфтааст, ки ҳадафи ниҳоӣ "бозгардондани зиндагӣ ва шароити оддӣ" ба ин манотиқ аст.
Оқои Кувол гуфт, ки то кунун бахшҳое аз манотиқи Дунетск ва Луҳонск бо ҷамъияти қобили таваҷҷуҳи рустаборон, аз вуҷуди ҷудоиталабон поксозӣ шуда ва артиш дар назар дорад, бақияи ин манотиқро низ ҳарчи сареътар таҳти идораи давлати Укройн қарор диҳад.
Изҳороти ин мақоми укройнӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки давлати Русия, ки ба таҷҳиз ва ҳимояти тадорукотӣ аз шибҳинизомиёни мусаллаҳ ва ҳатто эъзоми нафарот ба шарқи Укройн муттаҳам аст, таъкид дошта, ки барои поён додан ба ин буҳрон, лозим аст давлати Укройн бо шӯришиёни ҷудоиталаб музокира кунад ва хостҳои ононро бароварда созад.
Русия гуфтааст, ки барои ҳалли буҳрони кунунӣ бояд низоми сиёсии Укройн ба як низоми федерол бо ихтиёроти густарда барои манотиқи руснишин тағйир ёбад. Русия ҳамчунин хостааст, ки давлати Укройн аз даст задан ба амалиёти низомӣ алайҳи шибҳинизомиёне, ки бахшҳое аз шарқи ин кишварро дар тасарруф доранд ва дар он минтақа эъломи истиқлол кардаанд, худдорӣ варзад.
Давлати Укройн тағйир дар низоми сиёсиро дар сурати тасвиби он дар як ҳамапурсии саросарӣ мардуд надониста, аммо ба гуфтаи нозирон бо таваҷҷуҳ ба амалкарди Русия дар қиболи "ҷумҳурии худгардони" Криме мумкин аст мардуми Укройн эътои ҳар навъ худмухторӣ ба манотиқи шарқии ҳаммарз бо Русияро заминасози таҷзияи ин манотиқ ва инзимоми онҳо ба хоки Русия бидонанд.
Дар рӯзҳои ахир давлати Русия бо таъкид бар ин ки амалиёти низомӣ алайҳи шибҳинизомиёни мусаллаҳ дар шарқи Укройн бояд мутаваққиф шавад, нерӯҳои давлатиро ба бумбборони мадорис ва бемористонҳо муттаҳам карда ва гуфтааст дар ҷараёни ин ҳамалот даҳҳо тан кушта шудаанд. Ин гузоришҳо аз сӯйи манобеъи дигар таъйид нашудааст.
Ҳамзамон, мақомоти Укройн ва бархе давлатҳои ғарбӣ бо ибрози нигаронӣ нисбат ба таҷҳизи шӯришиён ба аслиҳаи сангин ва ҷангафзорҳои пешрафта, аз давлати Русия хостанд аз иқдомоте, ки ба ташдиди даргирӣ дар минтақа мунҷар мешавад, худдорӣ кунад. Ба гуфтаи бархе нозирон, мумкин аст бо ташдиди ҷанги дохилии Укройн, Русия боз ҳам бо баҳонаи ҳимоят аз рустаборони сокини Укройн ба таҷзияи манотиқи шарқии ин кишвар даст бизанад.
