Укройн аз Русия хост марзҳои муштаракашонро рӯйи 'теруристҳо' бибандад
Image copyrightReutersНахуствазири Укройн аз Русия хостааст, ки марзҳои муштаракашонро кунтрул кунад, то ҷилави тараддуди "теруристҳо"-ро бигирад.
Орсений Ётсенюк гуфтааст, ки агар Русия аз буҳрони феълии Укройн канор бикашад, давлати Киев метавонад худаш басуръат масъаларо ҳал кунад.
Аммо дар сӯйи дигар Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, гуфтааст ин сиёсатҳои давлати муваққати Укройн буда, ки он кишварро ба коми "бародаркушӣ" андохтааст.
Дар рӯзҳои гузашта даргириҳои шӯришиҳо ва нерӯҳои давлатии Укройн ба шадидтарин вазъ аз замони бурузи нооромӣ дар ин кишвар расидааст.
Дар манотиқи шарқии Укройн, ки ҳаммарз бо Русия аст ва ҷамъияти рустабор дар он чашмгир аст, гурӯҳҳое хостори таҷзияи ин манотиқ ва пайвастан ба Русия будаанд.
Давлати марказӣ дар Киев ин иддаро "терурист" мехонад ва дар ҳафтаҳои гузашта талошҳое барои саркӯб ва барчидани онҳо кардааст.
Идома даргириҳо дар Дунетск ва Луҳонск
Ҷудоиталабон мегӯянд рӯзи душанбе дар талош барои гирифтани фурӯдгоҳи Дунетск аз нерӯҳои муқобили худ, яксад нафар аз нерӯҳои худро аз даст доданд.
Вазири кишвар мегӯяд артиш акнун ихтиёри комили ин фурудгоҳро дар даст гирифтааст.
Рӯзи чаҳоршанбе садои тирандозӣ дар шаҳри Дунетск ба гӯш мерасид. Шӯришиҳо ҳамчунин ба як пойгоҳи артишӣ дар шаҳри Луҳонск ҳамла карданд ва дар ин ҷараён ҳар ду тараф талафот доданд.
Оқои Ётсенюк, ки дар сафар ба Олмон сухан мегуфт, вазъияти шарқи Укройнро рӯ ба вахомат тавсиф кард ва Русияро ба даст доштан дар ин мушкилот муттаҳам кард.
Нахуствазири Укройн гуфт: "Теъдоде комюн пур аз меҳмон, пур аз чирикҳои омӯзишдида дар Русия, аз марзи он кишвар вориди хоки мо шудаанд."
Ӯ аз Русия ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури он хост, ки марзҳои муштарак бо Укройнро бибандад.
Ба гуфтаи оқои Ётсенюк, агар Русия худашро аз ин бозӣ канор бикашад, Киев метавонад "зарфи як ҳафта" вазъиятро сомон диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо гуфтааст тавониста бо гурӯҳи нозиронаш, ки гузориш шуда буд дар рӯзи сешанбе дар шарқи Укройн мафқуд шудаанд, тамос бигирад.
Бо ин ҳол, ин созмон таъкид карда, ки ин гурӯҳ аз нозирон ҳамчунон "дар боздоштанд" ва маълум нест чи бар сари онҳо омадааст.
Даъвоҳои гозӣ
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ба Петру Пурушенку ба хотири пирӯзиаш дар интихоботи рӯзи якшанбеи Укройн табрик гуфтааст.
Оқои Пурушенку гуфтааст, ки дар аввалин фурсат бо ҳамтои руси худ, Владимир Путин вориди музокираи мустақим мешавад, то буҳронро хунсо кунад.
Дафтари ин раиси ҷумҳури ҷадиди Укройн ҳамчунин эълом кардааст, ки ӯ дар пайи имзои тавофуқи тиҷорӣ бо Урупо дар аввалин фурсати мумкин аст; иқдоме, ки эҳтимолан Русия аз он хушнуд намешавад.
Ин ҳамон тавофуқномае аст, ки вақте раиси ҷумҳури соибиқи Укройн ҳозир нашуд онро имзо кунад, эътирозҳое дар Киев ва бархе дигар аз нуқоти Укройн боло гирифт ва ниҳоятан ба барканории ӯ мунҷар шуд.
Рӯзи сешанбе нахуствазири Укройн иддаъои Русияро дар бораи бидеҳии чандмилёрддулории Киев ба Маскав барои гози содиршуда рад кард.
Оқои Ётсенюк гуфт, ки дарвоқеъ ин ширкати гози давлатии Русия аст, ки як милёрд дулор ба хотири манобеъи гозии масрафшуда дар Криме ба Укройн бидеҳкор аст. Мудири омили "Гозпрум", ширкати гози Русия, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Укройн фақат дар моҳи ҷории мелодӣ 1.7 милёрд дулор гоз масраф карда ва бидеҳиаш то даҳ рӯзи оянда, 7 июн, ба 5.2 милёрд дулор мерасад.
Алексей Миллер хостори пешпардохт барои гози содиротии моҳи оянда шуда ва таҳдид кардааст, ки агар ин пул то севуми июн вориз нашавад, содироти гоз ба Укройнро маҳдуд мекунад.
