Русия аз тарҳи сулҳи пешниҳодии давлати Укройн ҳимоят мекунад

  • 22 Июн, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд аз тарҳи пешниҳодии Укройн ҳимоят мекунад

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, мегӯяд, ки аз тарҳи сулҳи пешниҳодии раиси ҷумҳурии Укройн барои барқарории сулҳ дар шарқи он кишвар ҳимоят мекунад.

Бо ин ҳол, оқои Путин гуфтааст, ки тарҳи сулҳи пешниҳодӣ бояд музокира бо ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар шарқи Укройнро ҳам шомил шавад.

Ӯ гуфт, ки давлати Укройн бояд бо мухолифонаш мусолиҳа кунад.

Тарҳи пешниҳодии Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн, шомили эъломи оташбаси якҷониба барои як ҳафта аст ва аз мухолифони мусаллаҳи давлат хоста шудааст, то дар ин муддат силоҳҳояшонро замин бигузоранд.

Ин оташбас аз рӯзи ҷумъаи 20 июн иҷроӣ шуд, вале мақомҳои давлатии Укройн мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҷудоиталабон дар шарқ идома доштааст.

Русия дар ибтидо тарҳи пешниҳодии давлти Укройнро рад карда буд ва пеш аз ин ба нақл аз вазорати дифоъи Русия гузориш шуд, ки ба нерӯҳои артиш дар манотиқи марзии Русия дастури омодабоши комили размӣ дода шудааст.

Тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳурии Укройн барои сулҳ дар шарқи он кишвар 14 мода дорад ва эъломи оташбаси муваққат аввалин гоми он буд.

Дар ин тарҳ пешниҳод шудааст, ки як минтақаи ҳоили 10-килуметрӣ дар навори марзии Русия ва Укройн эҷод шавад. Баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ аз дигар мавориди матраҳ дар ин тарҳ аст.

Матолиби муртабит