Ҷудоиталабони Укройн аз тамдиди оташбас бо давлат истиқбол карданд
Image copyrightAPЯке аз раҳбарони шибҳинизомиёни ҳаводори Русия дар шарқи Укройн гуфтааст, ки нерӯҳояшон барои се рӯзи дигар бо оташбаси якҷонибаи давлат ҳамоҳанг хоҳанд буд.
Музокирот барои миёнҷигарӣ ва сулҳ байни давлат ва ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Укройн дар ҷараён аст ва намояндагоне аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар ин музокирот ҳузур доранд.
Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, дар чорчӯби тарҳе, ки барои сулҳ бо ҷудоиталабон ироа кардааст, аз рӯзи ҷумъаи 30 хурдод (20 июн) ба муддати як ҳафта эъломи оташбаси якҷониба кард.
Мавъиди (муҳлати) оташбас шаби гузашта (ҷумъаи 6 тир - 27 июн) ба поён расид, вале оқои Пурушенку гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии шароит барои тамдиди ин муддат то рӯзи душанбеи оянда аст.
Дар як ҳафта, ки оташбас барқарор буда, даргириҳое пароканда байни ду тараф рух додааст.
"Нуқтаи атф"
Укройн ва Иттиҳодияи Урупо рӯзи ҷумъаи шашуми тир (27 июн) муъоҳидаеро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо карданд. Бар асоси ин муъоҳида, Укройн ба унвони узви вобаста аз тасҳилот (осониҳо)-и тиҷории вижа ва кумакҳои иқтисодии Иттиҳодияи Урупо бархурдор мешавад.
Раиси ҷумҳурии Укройн имзои ин муъоҳидаро нуқтаи атфе (марҳилае муҳим) торихӣ хонда, вале гуфтааст, ки мардуми Укройн ҳазинае (баҳое) сангин барои он пардохтаанд.
Мухолифати раиси ҷумҳурии пешини Укройн бо имзои ин муъоҳида эътирози ҳаводорони густариши равобит бо Иттиҳодияи Урупоро ба дунбол дошт ва дар ниҳоят, ба барканории ӯ мунҷар шуд.
Ҳамроҳ бо Укройн Иттиҳодияи Урупо муъоҳидаҳои мушобеҳе низ бо Гурҷистон ва Мулдовӣ, ду ҷумҳурии дигари собиқ шӯравӣ, имзо кардааст.
Григурӣ Коросин, муъовини вазири хориҷаи Русия, дар вокуниш ба ин рӯйдод ҳушдор додааст, ки имзои ин муъоҳидаҳо авоқибе ҷиддӣ ба дунбол хоҳад дошт.
Русия гуфтааст, ки агар ин муъоҳидаҳо таъсири манфӣ бар иқтисоди Русия дошта бошад, давлаташ иқдомоте лозим анҷом хоҳад дод.
