Чархболи артиши Укройн 'сарнагун' шуд
Image copyrightReutersМақомоти Укройн мегӯянд, ки як чархболи артиши ин кишвар бо оташи ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар наздикии шаҳри Ислувёнск суқут карда ва 9 сарнишини он кушта шуданд.
Ҳамзамон Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз порлумони ин кишвар хостааст ҳаққи дахолати низомӣ дар манотиқе аз Укройнро, ки дар он шӯришиён алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷанганд, лағв кунад.
Суқути ин чархбол як рӯз баъд аз он рӯй медҳад, ки ҷудоиталабони шарқи Укройн гуфтанд дар ҷавоб ба тарҳи сулҳ ва оташбаси якҷонибаи Петру Прушенку, раиси ҷумҳури Укройн то субҳи ҷумъа оташбасро риъоя хоҳанд кард.
Шӯришиён, ки ҳамчунин чандин шаҳри Укройн дар минтақаҳои Дунетск ва Луҳонскро дар даст доранд дар мавриди иддаъои давлати Укройн мабнӣ бар суқути ин чархбол то кунун ҳеҷ изҳори назаре накрдаанд.
Қаблан ҳам ду чархбол ва як ҳавопаймои артиши Укройн бо "оташи ҷудоиталабон" суқут карда буд.
Ҳамзамон оқои Пурушенку гуфта, ки мумкин аст ба далели "нақзи доимии оташбас тавассути шӯришиёне, ки аз хориҷ кунтрул мешаванд" мумкин аст онро лағв кунад.
Ӯ дар баёнияе гуфт, ки "раиси давлат ин мавзӯъро, ки барномаи оташбас мумкин аст пеш аз мавъид лағв шавад, мардуд намедонад."
Пештар Владимир Путин ихтор дода буд, ки тарҳи якҳафтаии оташбас кофӣ нест.
Ӯ гуфт, ки ин тарҳ бояд барои баргузории "гуфтугӯҳои ҷиддӣ" миёни давлати Укройн ва ҷудоиталабон тамдид шавад.
Қадамҳои амалӣ
Дар айни ҳол, рӯзи сешанбе муъовини матбуъотии Владимир Путин гуфтааст ҳадафи раиси ҷумҳури Русия аз лағви ҳаққи дахолати низомӣ ба Укройн оддӣ кардани шароит дар манотиқи ошӯбзадаи шарқи ин кившар аст.
Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, дар як баёния таъкид карда, ки дархост аз порлумон баъд аз ҳимояти расмии Владимир Путин аз барномаи сулҳи Киев, ки оташбаси яктарафа эълом кард, омадааст.
Маскав аз моҳи март нимҷазираи Криме дар ҷануби Укройнро ба сарзаминҳои худ илҳоқ кардааст. Агарчи ин амал бидуни лашкаркашии мустақим сурат гирифт, вале Русия баъдан пазируфт, ки онҳо нерӯҳои мусаллаҳи вобаста ба он кишвар будаанд.
Бо вуҷуди ин, Маскав иттиҳомоти Киев мабнӣ бар ҳимояти артиши Русия аз ҷудоихоҳони иёлатҳои шарқии Дунетск ва Луҳонски Укройнро рад мекунад.
