Озодии гаравгонҳои урупоӣ дар шарқи Укройн

  • 29 Июн, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Озодии ин гаравгонҳо аз дархостҳои кишварҳои ғарбӣ аз таҷзияхоҳон буд

Шӯришиҳои ҳаводори Русия дар шарқи Укройн, чаҳор нозири дигар аз Созмони Ҳамкорӣ ва Амнияти Урупоро таҳвил додаанд. Ба ин тартиб, таҷзияхоҳон ҳамаи ин нозирони гаравгонгирифташударо озод кардаанд.

Ҳашт нозири Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо моҳи гузашта гаравгон гирифта шуда буданд.

Озодии онҳо дар ҳоле анҷом шуд, ки оташбаси шикананда байни нерӯҳои давлатии Укройн ва шӯришиҳо барқарор шудааст.

Музокирот барои миёнҷигарӣ ва сулҳ байни давлат ва ҷудоиталабони ҳаводори Русия дар Укройн дар ҷараён будааст ва намояндагоне аз Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар ин музокирот ҳузур доранд.

Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, оташбаси якҳафтаиро барои се рӯз тамдид кардааст. Ин оташбас рӯзи душанбе поён мегирад.

Дар як ҳафтае, ки оташбас барқарор буда, даргириҳое пароканда байни ду тараф рух додааст.

Созмони Милали Муттаҳид баровурд мекунад, ки дар ду моҳу ними гузашта, дастикам 420 нафар дар даргириҳои байни нерӯҳои ҳаводори Русия ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Укройн кушта шудаанд.

"Нуқтаи атф"

Image copyrightAP
Image caption Дар рӯзҳои гузашта оташбаси шиканандае дар Укройн барқарор будааст

Укройн ва Иттиҳодияи Урупо рӯзи ҷумъаи 26 июн муъоҳидаеро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо карданд.

Бар асоси ин муъоҳида Укройн ба унвони узви вобаста аз тасҳилоти тиҷории вижа ва кумакҳои иқтисодии Иттиҳодияи Урупо бархӯрдор мешавад.

Раиси ҷумҳури Укройн имзои муъоҳидаро нуқтаи атфе таърихӣ хонд, вале гуфт, ки мардуми Укройн ҳазинае сангин барои он пардохтаанд.

Мухолифати раиси ҷумҳурии пешини Укройн бо имзои ин муъоҳида эътирози ҳаводорони густариши равобит бо Иттиҳодияи Урупоро ба дунбол дошт ва дар ниҳоят ба барканории ӯ мунҷар шуд.

Ҳамроҳ бо Укройн муъоҳидаи мушобеҳеро низ бо Гурҷистон ва Мулдувӣ, ду ҷумҳурии дигари ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравии собиқ имзо шудааст.

Григурий Коросин, муъовини вазири хориҷаи Русия, ҳушдор додааст имзои ин муъоҳидаҳо авоқибе ҷиддӣ ба дунбол хоҳад дошт.

Русия гуфтааст, ки агар ин муъоҳидаҳо таъсири манфӣ бар иқтисоди Русия дошта бошад, иқдомоти лозим анҷом хоҳад шуд. .

Матолиби муртабит