Раиси ҷумҳури Укройн аз нуқтаи атф дар набард бо шӯришиён сухан гуфт
Image copyrightAPПетру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн хориҷ кардани шаҳри Ислувёнск аз дасти шӯришиёнро нуқтаи атфи ҷанги дохилии семоҳаи он кишвар донистааст.
Ислувёнск, дар иёлати шарқии Дунетск, барои муддатзамоне тӯлонӣ дар ихтиёри шӯришиёни рустабор будааст, ки хостори ҷудоӣ аз Укройн ва пайвастан ба Русия ҳастанд.
Оқои Пурушенку гуфт, ки тасхири муҷаддади Ислувёнск як пирӯзии комил алайҳи таҷзияталабон набуда, аммо "аҳамияти азими намодин" дорад.
Дар пайи шикасти оташбас миёни нерӯҳои давлатии Укройн ва шӯришиён артиши он кишвар пешравии хубе дар иёлатҳои Дунетск ва Луҳонск доштааст ва танҳо марокизи ду устон ва бархе манотиқи ҳошияӣ ҳанӯз дар ихтиёри таҷзияталабон қарор доранд.
Тасарруфи муҷаддади Ислувёнск аз ин назар барои давлати Укройн аҳамият дорад, ки конуни шӯриши шаҳрвандони рустабор буда ва маркази низомии "ҷумҳурии мардумии Дунетск", ки тавассути шӯришиён таъсис шуда буд , маҳсуб мешудааст.
Оқои Пурушенку гуфт "поксозии Ислувёнск аз гурӯҳҳои табаҳкори то дандон мусаллаҳ аҳамияти намодини азиме дорад. Ин оғози тағйири масири набард алайҳи шӯришиён аст."
Мақомоти укройнӣ гуфтаанд ки бо истиқрори артиш дар Ислувёнск, тавзеъи кумакҳои башардӯстона ба мардуми шаҳр базудӣ оғоз хоҳад шуд.
Як сухангӯи шӯришиёни рустабор гуфтааст, ки таҷзияталабон бо тарки минтақаи шимолии иёлати Дунетск мавозеъи худро дар ҷануби иёлат ва дар атрофи шаҳри Дунетск тақвият хоҳанд кард.
Шӯришиён дар моҳи апрел дар ду иёлати Дунетск ва Луҳонск эъломи истиқлол карданд, аммо давлати Укройн акнун мегӯяд, ки артиш бо ақаб рондани шӯришиён ду сеюми масоҳати ин ду устонро муҷаддадан тасарруф кардааст.
