Вазири дифоъи Укройн: Кримеро пас мегирем

  • 4 Июл, 2014
Image copyrightAP
Image caption Женерол Волерий Ҳелетей гуфта "дар Севоступул рижеи пирӯзӣ барпо хоҳем кард"

Волерӣ Ҳелетей, вазири дифоъи ҷадиди Укройн, дар ҳузури аъзои порлумони ин кишвар ваъда додааст, ки артиши Кримеро бозпас хоҳад гирифт ва якпорчагиро ба Укройн бозхоҳанд гардонд.

Женерол Волерий Ҳелетей, ки батозагӣ аз сӯйи Петру Пурушенку , раиси ҷумҳурии Укройн, ба унвони вазири дифоъи давлати ҷадиди ин кишвар ба порлумон муъаррифӣ ва раъйи эътимод гирифтааст, рӯзи панҷшанбеи 3 июл дар ҳоле ки суханонаш бо каф задани намояндагони порлумон ҳамроҳ шуда буд, гуфт: "Дар Севоступул рижеи пирӯзӣ барпо хоҳем кард."

Нимҷазираи худмухтори Криме пас аз баргузории як ҳамапурсии муноқишабарангез дар моҳи марти гузашта эъломи истиқлол кард ва сипас ба хоки Русия пайваст.

Ҳамзамон дар шарқи Укройн нерӯҳои низомии давлат дар ҳоли набард бо ҷудоиталабони ҳаводори Русия ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ва ва Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса дар ҷаласае телефунӣ бо Владимир Путин, аз раиси ҷумҳурии Русия хостаанд бо истифода аз нуфузаш бар мухолифони дар шаҳрҳои Дунетск ва Луҳонск ба коҳиши хушунатҳо дар шарқи Укройн кумак кунад.

Оқои Путин ҳам мутақобилан гуфта, ки аз афзоиши теъдоди кушташудагон дар ҷараёни даргириҳо миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатӣ ва ҳамчунин афзоиши теъдоди паноҳҷӯёне, ки аз шарқи Укройн вориди Русия мешаванд, "бисёр нигарон аст."

Се раҳбари урупоӣ дар ин кунфронси телефунӣ таъкид кардаанд, ки Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо (САҲУ) бояд нақши фаъъолтаре дар хотима додан ба буҳрони Укройн бозӣ кунад.

Ҳамзамон Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, гуфта, ки омода аст, то дубора миёни ду тараф оташбас барқарор шавад, гаравгонҳо озод ва марзҳо таҳти назорати нерӯҳои артиш дароянд.

Оқои Пурушенку оташбас миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабонро се рӯз пеш ва пас аз он ки муддаъӣ

шуд шӯришиён ҳамалоти маргборро алайҳи нерӯҳои давлатӣ тартиб додаанд, лағв кард.

Матолиби муртабит