Укройн ду шаҳри дигарро аз шӯришиён пас гирифт

  • 7 Июл, 2014
Image copyright
Image caption Дар рӯзҳои гузашта артиши Укройн баъзе аз мавозеъи ҷудоиталабонро тасарруф кардааст

Давлати Укройн аз бозпасгирии ду шаҳр дар шарқи ин кишвар аз ҷудоиталабони ҳаводори Русия хабар додааст.

Ба навиштаи сойти Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, парчами ин кишвар дар шаҳрҳои Ортюмевск ва Дружкевко ба эҳтизоз даромадааст.

Ин ду шаҳр як рӯз пас аз бозпасгирии шаҳри муҳимми Ислувёнск дар ихтиёри низомиёни Укройн даромад.

Ҷудоиталабон аз се моҳ пеш идораи Ортюмевск ва Дружкевкоро ба даст гирифта буданд.

Гузоришҳо баёнгари вуруди артиши Укройн ба ин ду шаҳр пас аз ақибнишинии сареъи ҷудоиталабон аст.

Ҷудоиталабони ҳаводори Русия ҳамчунон шаҳрҳои муҳимми Дунетск ва Луҳонскро дар ихтиёр доранд.

Ҳамзамон бо пешравии артиши Укройн, гурӯҳе аз ҳаводорони ҷудоиталабон дар шаҳри Дунетск даст ба тазоҳурот задаанд.

Ҷудоиталабон низ бо тақвияти мавозеъи худ дар Дунетск ба мақарри созмони зиндонҳо дар ин шаҳр ҳамла карданд ,то таслиҳоти нигаҳдоришуда дар ин сохтмонро ба даст биоваранд.

Михойлу Кувол, аз мақомҳои аршади амниятии Укройн, мегӯяд Дунетск ва Луҳонск то таслими комили ҷудоиталабон муҳосира хоҳанд шуд.

Оқои Кувол гуфт: "Як тарҳи истротежик вуҷуд дорад, ки тайид шудааст. Ин шаҳрҳо комилан муҳосира мешаванд."

Ба гуфтаи ӯ чунин коре ба халъи силоҳи ҷудоиталабон мунҷар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ақибнишиниҳои ахири ҷулдоиталабонро наметавон ба маънии шикасти қатъии онҳо донист, чаро ки онҳо ҳамчунон нафарот ва таслиҳоти зиёдеро дар ихтиёр доранд ва бахши муҳимме аз Укройн дар ихтиёрашон аст.

Матолиби муртабит