Иттиҳодияи Урупо таҳримҳои сангинеро алайҳи Русия вазъ мекунад
Image copyrightReutersИттиҳодияи Урупо вазъи таҳримҳои шадидтар алайҳи Русияро дар дасти баррасӣ дорад ва Омрико Русияро дар нақзи паймони маҳдудияти таслиҳотӣ муттаҳам кардааст.
Рӯзи сешанбеи 29 июл, мақомоти кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо он чиро, ки идомаи мудохилаи давлати Русия дар умури дохилаи Укройн мехонанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод ва дар назар доранд Русияро ба далели идомаи ин равия ҳадафи таҳримҳои шадидтар қарор диҳанд.
Интизор меравад, таҳримҳои ҷадидбахшҳои умдаи иқтисоди Русияро ҳадаф қарор диҳад.
Рӯзи гузашта раҳбарони Омрико, Олмон, Итолиё, Бритониё ва Фаронс дар як кунфаронси телефонӣ бар сари "лузуми танбеҳи Русия ба хотири дахолати ҳарчи бештар дар Укройн" ба тавофуқ расиданд.
Аз замони оғози даргириҳо байни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва давлати Укройн кишварҳои ғарбӣ як ришта таҳримҳои иқтисодӣ ва сиёсиро алайҳи Русия ва бархе мақомот ва шаҳрвандони зидахли ин кишвар ба иҷро гузоштаанд, ҳарчанд дар мавриди ташдиди таҳримҳои ин кишварҳои Урупо ихтилофи назарҳое вуҷуд дошт.
Дар ҳоле ки Бритониё ва Фаронса ва теъдоде аз кишварҳои Урупои Шарқии Иттиҳодияи Урупо хостори ташдиди таҳримҳои тиҷорӣ алайҳи Русия буданд, Олмон ба далели равобити густардаи тиҷорӣ рӯйкарди мулоимтареро тавсия мекард. сарнагунии ҳавопаймои мусофирбари молозеёӣ дар шаҳри Укройн, ки ба шиллики мушаки зиддиҳавоии Русия тавассути ҷудоиталабон нисбат дода шуда, боиси иттихози мавзеъи шадидтари урупоиҳо алайҳи Русия шудааст.
Аксари ҳудуди 300 қурбонии ин ҳодиса шаҳрвандони Ҳуланд будандва мавзеъгирии шибанизомиёни ҷудоиталаб дар баробари хости кишварҳои дигар барои дастрасии сареъ ба маҳали суқути ҳавопаймо ин шубҳаро эҷод кард, ки шояд онон ба ҳамкорӣ ва ба тавсияи Русия дар садади ҷилавгирӣ аз кашфи воқеъияти ин моҷаро бошанд. Ин иттиҳоми афкори умумӣ дар кишварҳои Урупоро ба шиддат алайҳи Русия таҳрик кардааст.
Рӯзи душанбе мақомоти давлати Укройн гуфтанд, ки баррасии ҷаъбиа сиёҳи парвоз нишон медиҳад, ки суқути ҳавопаймо бар асари исобати таркиши мушаки зиддиҳавоӣ будааст. Дар ҳамин ҳол, раиси пулиси Ҳуланд ба порлумони ин кишвар гуфтааст, ки адами дастрасии комил ва бамавқеъ ба маҳали сонеҳа ба маънии он аст, ки "эҳтимолан ҳаргиз ҳамаи моҷаро" кашф нахоҳад шуд.
Рӯзи гузашта тирандозӣ дар наздикии маҳали суқути ҳавопаймо боис шуд, то коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ки барои баррасии бақоёи ҳавопаймо ба ин маҳал азимат карда буданд, қодир ба баррасии маҳали суқут набошанд. Ҳамзамон, раҳбари шибанизомиёни ҷудоиталаб дар нахустин нишасти хабарии худ аз замони сарнагунии ин ҳавопаймо гуфтааст, ки нафароти ӯ масъули ин воқеъа нестанд.
Нақзи паймони маҳдудияти таслиҳотӣ
Ҳамзамон, мақомоти омрикоӣ гуфтаанд, ки Русия як паймони марбут ба ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ байни ду тарафро нақз кардаанд.
Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида дар гузорише, ки ба кунгари ин кишвар таслим карда, гуфтааст, ки давлати Русия "паймони тавонмандии ҳастии миёнбурд" марбут ба манъи таҳқиқот, сохт ва озмоиши мушакҳои бо бурди байни 500 ва 5000 килуметрро нодида гирифта ва ба озмоиши як мушаки миёнбурд мубодират кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ, Борок Убумо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо ирсоли номае барои Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ин иқдомро "мавзӯъи бисёр ҷиддӣ" тавсиф карда ва гуфтааст, ки аз муддатҳо пеш ин масъала матраҳ будааст.
Як мақоми давлати Омрико гуфтааст, ки ин кишвар омодагӣ дорад то дар ҷаласи фаврӣ дар сатҳи боло дар бораи азми худ барои "тазмини иҷрои дақиқи ин паймон" бо тарафи Русия гуфтугӯ кунад. Вай афзудааст, ки "Иёлоти Муттаҳида ба иҷрои паймони тавонмандии ҳастаии миёнбурд мутаъаҳид аст ва аз Русия интизор дорад, ки ба иҷрои он идома диҳад ва ҳар гуна таҷҳизоти мамнӯъ бар асоси ин паймонро ба наҳваи қобили тайид аз миён бибрад."
Паймони тавонмандии ҳастаӣ дар соли 1987 миёни Рунолд Рейгон ва Михаил Горбачёв, русаои ҷумҳурии вақти Омрико ва Шӯравӣ, имзо шуд то сохти тамомии мушакҳои миёнбурди "замин ба замин"-и муҷаҳҳаз ба кулоҳаки ҳастаиро мутаваққиф кунад.
Мақомоти Омрико гуфтаанд, ин паймон на танҳо амнияти Русия, балки амнияти 11 кишвари собиқи шӯравиро низ тазмин мекунад ва тахте аз он мавзӯъи ҷиддӣ барои ҳама тарафҳо аст. Ба гуфтаи онон, ин паймон дар айни ҳол мутазмини амнияти "муттаҳидони Омрико" дар Урупо аст.
Бархе манобеъи омрикоӣ гуфтаанд, озмоиши мушакҳои миёнбурд тавассути Русия иқдоми ҷадиде нест, балки аз чанд сол пеш гузоришҳои парокандае дар ин маврид мунташир шудааст.
Гузориши ахир дар ҳоле интишор ёфта, ки тайи 3 соли гузашта равобити Русия ва Ғарб ба далели ихтилофи шадид бар сари масоиле монанди бӯҳрони Сурия ва ҳаракати ҷудоиталабона дар Укройн ба тирагӣ гаройидааст.
