Новӣ Пилой: Суқути ҳавопаймои молезиёӣ метавонад ҷинояти ҷангӣ талаққӣ шавад
Image copyrightAPНовӣ Пилой, кумиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд сарнагунии "ваҳшатноки" ҳавопаймои мусофирии молезиёӣ дар шарқи Укройн метавонад ҷинояти ҷангӣ талаққӣ шавад ва бояд дар бораи он таҳқиқоти "ҷомеъ, муассир, мустақил ва бетарафонае" анҷом шавад.
Ҳавопаймои мусофирии молезиёӣ, ки аз Омстердом озими Куоло Лумпур буд, ёздаҳ рӯз пеш бо исобати як мушаки замин ба ҳаво дар шарқи Укройн суқут кард ва 289 сарнишини он кушта шуданд.
Омрико ва давлати Укройн шӯришиёни ҷудоиталаби тарафдори Русияро масъули партоби мушак медонанд, ҳарчанд эҳтимол медиҳанд шиллик ба ҳавопаймо ба иштибоҳ сурат гирифта бошад.
Шӯришиёни ҷудоиталаб дахолат дар суқути ин ҳавопайморо такзиб мекунанд.
Дар баёнияи хонуми Пилой, ки имрӯз душанбе, 28 июл мунташир шуд, омадааст: "Барои ин ки ҳар кас муртакиби нақзи ҷиддии қавонини байналмилалӣ, аз ҷумла ҷинояти ҷангӣ шуда, ба дасти адолат супурда шавад, ҳар кас ки мехоҳад бошад, аз ҳеҷ талоше набояд фурӯгузор кард."
Салиби сурхи байналмилалӣ ҳафтаи пеш расман эълом кард Укройн даргири "ҷанги дохилӣ" аст, ки билқувва тарафҳои даргирро дар маърази иттиҳом ба иртикоби ҷароими ҷангӣ қарор медиҳад.
Ҳамзамон бо изҳороти хонуми Пилой имрӯз душанбе (28 июл) гузориши Созмони Милал дар бораи талафоти даргириҳо дар Укройн мунташир шуд, ки нисбат ба моҳи пеш афзоиши қобили мулоҳизаеро нишон медиҳад: "То 26 июл (ду рӯз пеш) дастикам 1129 нафар кушта ва 3442 нафар захмӣ шудаанд."
Ин дар ҳолест, ки моҳи пеш Созмони Милал шумори қурбониён дар се моҳи пеш аз онро 356 нафар эълом карда буд.
Ба гуфтаи хонуми Пилой афзоиш даргириҳои шадид дар Дунетск ва Луҳонск "башиддат нигаронкунанда" аст чун ду тараф аз силоҳҳои сангин шомили тонк, тӯпхона, рокет ва мушак истифода мекунанд.
"Тарафҳои даргир бояд башиддат муроқиб бошанд, то ғайринизомиён беш аз ин кушта ва захмӣ нашаванд."
Бар асоси ин гузориш беш аз сад ҳазор нафар ҳам аз маҳалли зиндагии худ гурехтаанд.
Ин гузориш ҳамчунин шӯришиёнро муттаҳам карда дар манотиқи таҳти кунтрули худ "ҳукумати ваҳшат" эҷод кардаанд ва аз "одамрабоӣ, шиканҷа ва куштори шаҳрвандон" барои иръоб истифода мекунанд.
