Дархости таҳқиқоти байналмилалӣ дар мавриди суқути ҳавопаймои молезиёӣ
Image copyrightAPКишварҳои мухталифи ҷаҳон аз давлати Укройн ва ҷудоиталабони тарафдори Русия хостаанд зимни барқарории оташбас, бо таҳқиқоти байналмилалӣ дар мавриди суқути ҳавопаймои мусофирбарии молезиёӣ ҳамкорӣ кунанд.
Тасовире, ки рӯзи ҷумъаи 18 июл аз маҳлли суқути ҳавопаймои ширкати хутути ҳавопаймоии Молезӣ дар шарқи Укройн интишор ёфта қитаъоти муталошишудаи ҳавопайморо нишон медиҳад, ки дар муҳаваттаи васеъе пароканда аст дар ҳоле ки шибҳнизомиёни ҷудоиталаб ҳамроҳ бо имдодгарон дар маҳал ҳузур доранд.
Рӯзи гузашта ҳавопаймои мусофирбарӣ аз навъи Буйнг 777 бо ҳудуди сесад мусофир ва хадама, ки аз Омстердом дпар Ҳуланд озими Куололомпур, пойтахти МОлезӣ буд, дар минтақаи марзии Уройн бо Русия суқут кард ва тамомии сарнишинони он кушта шуданд.
Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳури Омрико, мегӯяд ҳавопаймои мусофирбарии молезиёӣ, ки дар манотиқи марзии Укройн ва Русия суқут кардааст, дар осмон мавриди ҳадаф қарор гирифта ва мунфаҷир шудааст.
Ҳамзмаон гузоришҳои аввалия аз ҳувияти 280 мусофири ин ҳавопаймо мунташир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, "Вол Истрит Журнол" хабар дода, ки манобеъи амниятии Омрико мегӯянд ин ҳавопаймои мусофирбарӣ бо як мушаки замин ба ҳаво ҳадаф қарор гирифтааст.
Хутути ҳавопаймоии Молезӣ эълом карда машғули кунтрули дақиқи листи парвоз аст, аммо пеш аз эъломи дақиқи асомии мусофирон метавонад таъйид кунад, ки 154 шаҳрванди Ҳуланд, 27 устролиёӣ, 43 молезиёӣ, 12 индунезиёӣ, 9 бритониёӣ ба ҳамроҳи 4 олмонӣ, 4 белжикӣ, 3 филипинӣ ва як конодоӣ дар парвози MH-17 ҳузур доштаанд, ки ҳамагӣ кушта шудаанд. Миллияти 41 мусофири дигари ин ҳавопаймо ҳанӯз эълом нашудааст.
Аз ҷумлаи мусофирони ҳавопаймо, теъдоде аз мутахассисони барҷастаи бемории ЭЙДЗ буданд, ки қарор буд дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Устролиё ширкат кунанд ва аз тариқи Молезӣ озими маҳалли баргузории ҳамоиш буданд.
Ин Буйнг-777 хутути ҳавоии Молезӣ илова бар 280 мусофири 15 хадама ҳам дошт ва аз Омстердом, пойтахти Ҳуланд, озими Куололомпур, пойтахти Молезӣ, буд, ки дар осмони Укройн ва дар ҳоле ки дар иртифоъи болои 10 ҳазорметрӣ парвоз мекард, ба назар мерасад "мавриди ҳадаф қарор гирифта" ва лаҳазоте баъд сарнагун шуд.
Ин дувумин ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии Молезӣ аст, ки имсол суқут кардааст. Парвози Эм-эч 370, ки дар моҳи апрел аз куололомпур озими Пекан буд, пас аз нопадид шудан аз рӯи саҳфаи родор дигар тамосе бо замин барқарор накард ва ҳанӯз ҳам ҳеч асаре аз бақоёи он ёфт нашудааст.
Хутути ҳавоии дигар кишварҳо пас аз ин воқеъа эълом карданд, ки масири парвоҳои байналмилалии худ ро аз осмони Укройн мунҳариф карда ва масирҳои ҷадидеро аз ҳошияи марзҳои Укройн ва Русия барои идомаи сафарҳои ҳавоӣ интихоб кардаанд.
Вокунишҳо ба суқути MH-17
Дар вокуниш ба воқеъаи имрӯз хабаргузории Оссушиэйтед Пресс аз Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия нақл карда ки: "Давлати сарзамине, ки ин воқеъа дар осмони он рух дода, бояд масъулияти ин воқеъаро бар уҳда гирад."
Оқои Путин ҳамчунин гуфтааст: "Ин трожедӣ рӯй намедод, агар дар ин манотиқ сулҳ барқарор мешуд ва ҳамалоти ҷадиди артиши Укройн дар манотиқи ҷануби шарқии Укройн аз сар гирифта намешавад."
Ин дар ҳолест, ки ҳар ду тарафи даргир, ҷудоиталабони ҳаводори Русия ва артиши Укройн, якдигарро масъули ҳадаф қарор додани ин ҳавопаймо дониста ва мегӯянд, ки ҳеҷ як дар вуқӯъи ин ҳодиса даст надоштаанд.
Раиси ҷумҳурии Укройн ин ҳодисаро як иқдоми теруристӣ тавсиф карда ва онро ба шӯришиёни ҳаводори Русия дар шарқи кишвараш нисбат додааст.
Вазир хориҷаи Укройн муддаъист ба шунуди телефунӣ дастрасӣ дорад, ки "исбот мекунад" ҳавопаймои мусофирбарии хутути Молезӣ тавассути ҷудоиталабони ҳаводори Русия ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳамзамон вазири дифоъи Укройн ҳам эълом карда, ки ҳеч ҷети ҷангандае дар осмони ҳаволии ин воқеъа дар ҳоли парвоз набуда ва ҳеч мушаки замин ба ҳавое ҳам аз сӯйи артиши Укройн партоб нашудааст.
Ҳавопаймои мусофирбарии молезиёӣ дар минтақаи" Красний луч" воқеъ дар минтақаи Луҳонск ва ҳаволии Шахтёрск, ки дар ҳамсоягии иёлати Дунетск аст, суқут кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, суқути ин ҳавопайморо як "трожедии ваҳшатнок" тавсиф карда ва гуфтааст, ки авлавияти ӯ ин аст, ки мушаххас шавад оё шаҳрвандони омрикоӣ низ дар миёни сарнишинон будаанд ё хайр.
Ба гуфтаи бархе мақомоти укройнӣ, шӯришиёни ҷудоиталаб ҷаъбаи сиёҳи ҳовии иттилоъоти парвози ҳавопайморо ёфта ва дар ихтиёри Русия қарор додаанд. Баррасии ин иттилоъот метавонад дастикам нишон диҳад, ки оё ҳавопаймо баногаҳон ҳадафи исобати мушак қарор гирифта ва соқит шуда ва ё иллати дигаре, мисли нақси фаннӣ омили вуқӯъи ин сониҳа будааст.
Давлати Русия пешниҳод карда буд коршиносони савонеҳи ҳавоии худро барои баррасӣ ва таъйини иллати суқути ҳавопаймо ба минтақа бифиристад, аммо кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҳуланд, Молезӣ, Устролиё ва Омрико таъкид доштаанд, ки чунин таҳқиқоте бояд ҷанбаи байналмилалӣ ва бетарафона дошта бошад ва аз ду тарафи ҷанг хостаанд бо чунин таҳқиқоте ҳамкорӣ кунанд.
Дар ҳамон ҳол, гузориш шудааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар гуфтугӯ бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз ҳамкории байналмилалӣ барои кашфи иллати суқути ҳавопаймои молезиёӣ истиқбол карда ва бар анҷоми "таҳқиқоти мустақил ва бетарафона" таъкид ниҳодааст. Қарор аст рӯзи ҷумъа Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои баҳс перомуни ин воқиъа ташкили ҷаласа диҳад.
Дар сурати исботи суқути ҳавопаймо тавассути ҷудоиталабони укройнӣ, ин воқиъа метавонад равобити Русия бо кишварҳои ғарбиро тиратар карда ва дар сурати идомаи ҳимояти Русия аз шӯришиён, боъиси вазъи таҳримҳои шадидтаре алайҳи Русия шавад. Пештар кишварҳои ғарбӣ ба манзури танбеҳи Русия ба далели ҳимоят аз шӯришиёни укройнӣ, таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар ба иҷро гузоштаанд.
