Нахуствазири Молезӣ: То ёфтани посух ба ҳама пурсишҳо аз по намешинем
Image copyrightReutersНахуствазири Молезӣ таъкид карда, ки талош барои огоҳӣ аз сарнавишти ҳавопаймои нопадидшудаи молезиёӣ идома хоҳад дошт ва ҳамзамон эълом шудааст, ки як зердарёӣ бо сӯхти атумӣ ба амалиёти ҷустуҷӯ пайвастааст.
Рӯзи панҷшанбеи 3 апрел, нахуствазири Молезӣ, ҳамзамон бо Тунӣ Абут, ҳамтои устролиёии худ аз маркази ҳамоҳангии амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани ҳавопаймои нопадидшудаи ширкати ҳавопаймоии Молезӣ дидан кард. Ин марказ дар пойгоҳи нерӯи ҳавоии салтанатии Устролиё дар наздикии бандари Перт дар савоҳили ғарбии ин кишвар воқеъ шудааст.
Амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани нишонае аз ҳавопаймои мусофирбарӣ аз навъи Буйнг 777, ки ҳудуди чаҳор ҳафта пеш бо 239 сарнишин дар мавири парвоз аз пойтахти Молезӣ ба пойтахти Чин нопадид шуд, бо мушорикати чандин кишвар ҳамчунон идома дорад ва сарпарасти ин амалиётро Устролиё бар уҳда доштааст.
Ҳудуди ду ҳафта пеш нахуствазири Устролиё эълом кард, ки тасовири моҳвораӣ вуҷуди қитъаоти шиновареро дар минтақае дар ҷануби уқёнуси Ҳинд нишон додааст ва ҳавопаймоҳои иктишофӣ ва киштиҳои ин кишвар ва чандин кишвари дигар барои таъйини моҳияти ин қитаъот озими минтақаи мавриди назар шуданд.
Дар рӯзҳои баъд манобеъи фаронсавӣ ва тойландӣ ҳам аз мушоҳидаи моҳвораии чандсад шайъи шиновар дар ҳамин минтақа хабар доданд, аммо Устролиё баъдан эълом кард, ки бар асоси муҳосиботи ҷадидтар, ба назар мерасад, ки маҳалли суқути эҳтимолии ҳавопаймо бояд дар ҳудуди якҳазоркилуметрии шимоли шарқи минтақаи қаблӣ ва наздиктар ба савоҳили ғарбии Устролиё воқеъ шуда бошад.
Нахуствазири Молезӣ дар дидори худ аз маркази ҳамоҳангии амалиёти ҷустуҷӯ гуфт: "Ҷаҳониён аз мо интизор доранд, то ҳар чиро ки дар тавон дорем, ба кор гирем ва итминон дорем, ки дар ниҳоят ҳам нишон хоҳем дод, ки ба унвони гурӯҳе аз миллатҳо, аз тавонмандиҳое бархӯрдорем."
Оқои Раззоқ таъкид кард, ки "мо мехоҳем ҳама посухҳоро бидонем ва мехоҳем ба хонаводаҳои сарнишинони ҳавопаймо оромиш бибахшем ва то замоне ки ҳама посухҳоро наёбем, аз по намешинем."
Фармондеҳии амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани ҳавопаймои молезиёӣ бар уҳдаи Ангус Ҳустун, женероли бознишастаи нерӯи ҳавоии салтанатии Устролиё аст, ки гуфтааст гурӯҳи байналмилалии баррасии савонеҳи ҳавоӣ бо мушорикати таҳлилгароне аз Молезӣ, Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Чин ва Устролиё мекӯшанд амалиёти ҷустуҷӯро дар нуқоти муҳтамалтари суқути ҳавопаймо мутамаркиз кунанд.
Вай дар гузорише ба нахуствазирони Молезӣ ва Устролиё гуфт, ки бо ба даст овардани иттилоъоти ҷадидтар минтақаи амалиёт ба таври мураттаб бознигарӣ мешавад ва дар рӯзи панҷшанбе ин минтақа каме ба тарафи шимол интиқол ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ин амалиёт дар минтақае ба вусъати беш аз дувисту бист ҳазор килуметри мураббаъ дар ҳудуди як ҳазору шашсадкилуметрии шимоли ғарби Перт ҷараён дорад.
Маъмурияти ин зердарёӣ талош барои ёфтани ҷаъбаи сиёҳи парвози ҳавопаймои молезиёӣ аст, ки ботриҳои он сӣ рӯз давом дорад ва дар ин муддат алоиме ирсол медорад, ки ба кашфи маҳал кумак мекунад. Ҷаъбаи сиёҳ ҳовии иттилоъоти марбут ба парвози ҳавопаймоҳост ва рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, муҳлати сирӯзаи ирсоли паём аз ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймои молезиёӣ ба сар хоҳад омад.
