Нахуствазири Молезӣ: системҳои иртиботии ҳавопаймо ғайрифаъъол шуда буданд.
Image copyrightAFPНаҷиб Раззоқ, нахуствазири Молезӣ, гуфтааст, ки нопадид шудани як ҳавопаймои хутути ҳавоии ин кишвар дар ҳафтаи гузашта метавонад ҳосили иқдоми амдии як нафар дар дохили ҳавопаймо бошад.
Ба гуфтаи ӯ, амалиёти ҷустуҷӯ барои ҳавопаймои мафқудшуда акнун бо дараҷаи болое аз итминон нишон медиҳад, ки системҳои иртиботии ҳавопаймо ғайрифаъъол шуда буд, ки ин амр ҳокӣ аз дахолати эҳтимолии як нафар дар дохили ҳавопаймо аст.
Нахуствазири Молезӣ ба хабарнигорон гуфт шавоҳиди моҳвораӣ ва родорӣ нишон медиҳад, ки ҳавопаймо масирашро тағйир дода ва мумкин аст ҳафт соъат пас аз он низ ба парвози худ идома дода бошад.
Наҷиб Раззоқ гуфт тозатарин иттилоъоти моҳвораӣ таъйид мекунад, ки ҳавопаймо аз масири худ бозгашта ва ду бор ҷиҳат иваз кардааст ва ин тағйири масир бори аввал ба самти ғарб ва бори дувум ба самти шимол-ғарб рӯй додааст.
Ин ҳавопаймо як ҳафта пеш бо 239 сарнишин дар ҳоли парвоз аз Куоло Ломпур ба Пекан нопадид шуд.
Оқои Раззоқ гуфт амалиёти ҷустуҷӯ акнун вориди марҳилаи тозае шудааст.
Ба гуфтаи нахуствазири Молезӣ, амалиёти ҷустуҷӯ дар дарёи Ҷануби Чин мутаваққиф шуда ва акнун бар ду долони ҳавоии эҳтимолӣ мутамаркиз аст.
Яке аз инҳо долони шимолӣ аст, ки аз марзи Қазоқистон ва Туркманистон ба шимоли Тойланд тӯл мекашад ва дигар долони ҷанубист, ки аз Андунезӣ ба ҷануби уқёнуси Ҳинд мерасад.
Наҷиб Раззоқ гуфт бо вуҷуди шоеъоти марбут ба эҳтимоли рабуда шудани ҳавопаймо мақомҳои Молезӣ ҳамчунон ҳамаи эҳтимолотро мадди назар доранд.
