'Сарнахе' эҳтимолӣ аз ҳавопаймои молезиёӣ дар тасвири ҳавоии Чин
Image copyrightPRCЧин тасовире моҳвораӣ мунташир карда, ки гумон меравад метавонад тикаҳое аз лошаи ҳавопаймои молезиёии мавқудшуда бошад.
Ҳамзамон Молезӣ охирин тамоси родиюии парвози Эм-эч 370-ро мунташир кардааст, ки "аз таҳти кунтрул" будани он хабар медиҳад.
Вебсойти давлатии Чин рӯзи чаҳоршанбеи 12 март се тасвири моҳвораӣ мунташир кард, ки дар онҳо ашёи сафеде дида мешаванд, ки бар рӯйи обҳои дарёи ҷануби Чин шиноваранд.
Ин тасовир рӯзи якшанбе, яъне танҳо як рӯз баъд аз нопадид шудани Буйнг 777-и хутути ҳавоии Молезӣ, таҳия шудааст, аммо вебсойти вазорати улуми Чин имрӯз онҳоро рӯйи вебсойти худ қарор додааст.
Нуқтаи ҷуғрофиёии аксҳо ҷое дар дарёи ҷануби Чинро нишон медиҳад, ки минтақае аст дар шарқи Молезӣ ва ҷануби Виетном.
Хабаргузорнии расмии Шинҳуо дар Чин гузориш карда, ки андозаи тахминии бузургтарин шайъе, ки дар ин аксҳо дида мешавад, 24 метр дар 22 метр аст.
Ин се тасвир иборатанд аз:
Артиши халқи Чин ҳамчунин рӯзи сешанбе эълом кард чанд моҳвора, ки қобилияти аксбардорӣ бо кайфияти болоро доранд ба осмони дарёи ҷануби Чин ҳидоят карда, то дар амалёти таҷассус барои ёфтани асаре аз ин ҳавопаймои мусофирбарӣ, ки 239 сарнишин дошт, ширкат кунанд. Ин моҳвораҳо аз марказе низомӣ дар шимоли Чин ҳидоят мешаванд.
Субҳи имрӯз ҳам Молезӣ оиарин гуфтугӯи родиюии миёни хадлабон ва тими кунтрули парвозро мунташир кард, ки танҳо чанд дақиқа пеш аз нопадид шудани ҳавопаймо анҷом гирифта буд ва дар он халабон мегӯяд: "ҳама чиз мураттаб аст."
Аксҳое ҳам, ки Чин имрӯз мунташир кард, тақрибан наздики маҳалле таҳия шудаанд, ки Молезӣ ҷустҷӯ барои ёфтани асаре аз ҳавопаймои мафқудшударо аз он ҷо оғоз карда буд.
Бо вуҷуди ин Молезӣ маҳдудаи таҷассусро афзоиш дода ва акнун гурӯҳҳои моҳвораӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ бахши бузургтаре аз дарёи ҷануби Чинро ба умеди ҳалли муъаммои парвози Эм-эч 370 ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Чин ошкоро аз он чи гузоришҳои зидду нақизи мақомоти Молезӣ дар бораи ҳавопаймои гумшудаи ин кишвар мехонанд, интиқод кардаанд.
Як сухангӯйи вазорати хориҷаи Чин гуфтааст наметавон бо сароҳат гуфт, ки чи бахше аз иттилоъоти ироашуда аз сӯйи мақомоти Молезӣ дуруст аст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Молезӣ мегӯянд, ки дар иттилоъоти ироашуда ҳеҷ ибҳоме вуҷуд надорад ва таъкид кардаанд, ки онҳо вазъияти мақомоти чиниро дарк мекунанд.
Ҳудуди ду севуми мусофирони ин парвоз, ки аз Куоло Ломпур озими Пекан буд, миллияти чинӣ доранд.
