Ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшудаи Молезӣ дар уқёнуси Ҳинд
Image copyrightBBC World ServiceНахуствазири Устролиё дар порлумони ин кишвар гуфт, ки ашёи мазкур соъати 2:45 ба вақти маҳаллӣ дар 2500 килуметрии ҷануби шарқи бандари Пурт дида шудаанд. Сарнишинони ҳавопаймои устролиёӣ, як шайъи доираишакли хокистарӣ ё сабз ва як шайъи мусатилшакли норинҷиро дидаанд. Як ҳавопаймои шиносоии пешрафтаи омрикоӣ, як ҳавопамои устролиёӣ ва як ҳавопаймои жопунӣ ҳам дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи маҳал ҳастанд.
Нахуствазири устролиё гуфтааст, ки як киштии ин кишвар мумкин аст зарфи чанд соъати оянда ба маҳалли шайъи шиновари дидашуда дар уқёнусиҲҳинд бирасад. Дар айни ҳол, таъкид мекунанд, ки мушаххас нест, ки ин ашёи шиновар мутаъаллиқ ба ҳавопаймои гумшудаи молезиёӣ буда бошад.
Аксари 239 сарнишини ҳавопаймои нопадидшуда шаҳрвандони Чин будаанд. Дасти кам ду шаҳрванди эронӣ ҳам бо ин ҳавопаймо сафар мекарданд.
Наметавон мутмаин буд , ки ашёи дидашуда бо моҳвораҳо ё аз ҳавопаймоҳо бақоёи ҳавопаймост ё на.
Сарнишинони як ҳавопаймои чинӣ, ки дар ҷустуҷӯи ин минтақа ширкат дорад, имрӯз, душанбеи 24 март ду шайъи шиновари бузургро аз иртифоъи даҳҳазорметрӣ мушоҳида карданд. Аммо мақомоти устролиёӣ мегӯянд, ки ҳавопаймои Пи 8-и новгони ҳафтуми Омрико, ки яке аз пешрафтатарин ҳавопаймоҳои шиносоии дунёст, натавониста он чиро ки сарнишинони ҳавопамои чинӣ дида буданд, пайдо кунад.
Дар ҳоли ҳозир ду ҳавопаймо дар минтақаи ҷустуҷӯ дар уқёнуси Ҳинд дар паи ёфтани бақоёи эҳтимолии ҳавопаймои Молезӣ ҳастанд.
Ҳавопаймоҳои устролиёӣ, ки дар уқёнуси Ҳинд дар ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшудаи Молезӣ ҳастанд, ду шайъи шиновар дидаанд ва киштиҳо барои баррасии онҳо дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи маҳал ҳастанд. Соъоте пештар сарнишинони як ҳавопаймои чинӣ ҳам ду шайъи шиновари бузургро мушоҳида карда буданд.
Нукоти муҳим
- Иртиботи ҳавопаймои Буйнг 777 ширкати ҳавопамоии Молезӣ, ки бомдоди рӯзи 8 март бо 227 мусофир ва 12 хадама аз Куоло Ломпур ба сӯйи Пекан дар ҳаракат буд, соъате пас аз тарки фурудгоҳ тамосаш бо бурҷи муроқибат қатъ шуд ва аз он пас иттилоъе аз он дар даст нест
- 24 кишвар дар ду ҳафтаи гузашта дар ҷустуҷӯ барои иттилоъ ёфтан аз сарнавишти парвози шумораи MH370 ширкат доштаанд.
- Ширкати Рулзруйс, созандаи мутурҳои ҳавопаймои нопадидшуда, эълом кард, ки сигнолҳоеро, ки аз фиристандаи дохили ин мутурҳо ирсол мешуд, то соъатҳо пас аз қатъи иртиботи ҳавопаймо дарёфт кардааст.
- Бар ин асос ин эҳтимол матраҳ аст, ин ҳавопаймо ҳазорон килуметр аз маҳалле, ки охирин бор аз онҷо бо бурҷи муроқибат тамос дошт, дур шуда бошад.
- Ҷустуҷӯҳо дар рӯзҳои ахир бар минтақае густарда дар уқёнуси Ҳинд дар ғарби Устролиё мутамаркиз шудааст. Моҳвораҳои устролиёӣ, чинӣ ва фаронсавии ашёи шиновари бузургеро дар ин минтақа мушоҳида карда буданд.
