Устролиё ашёи шиноваре ёфта, ки "эҳтимолан" мутаъаллиқ ба ҳавопаймои молезиёӣ аст

  • 20 Март, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Тиме муташаккил аз нерӯҳои таҷассуси бисту шаш кишвар барои ёфтани ҳавопаймои молезиёӣ ҷустуҷӯ мекунад

Тунӣ Абут, нахуствазири Устролиё мегӯяд тими таҳқиқи ин кишвар ду қитъаи шиноварро шиносоӣ карда, ки метавонад қитаъоте аз ҳавопаймои нопадидшудаи молезиёӣ бошад.

Киштиҳои устролиёӣ, ки бахше аз гурӯҳи таҷассус барои ёфтани асаре аз парвози MH370 хутути ҳавоии Молезиё ҳастанд, дар обҳои ҷануби дарёи Ҳинд ҷустуҷӯ мекунанд.

Оқои Абут дар суханоне дар порлумони Устролиё гуфта, ки ин ду ҷисми шиновар аз миёни тасовири моҳвораӣ шиносоӣ шудааст ва акнун як ҳавопаймои шиносоӣ аз навъи Уриун ба минтақа озим шуда то маҳалли дақиқи ин ду шайро биёбад.

Ба гуфтаи нахуствазири Устролиё идораи дарёнавардии ин кишвар эълом кардааст, ки ашёи шиносоишуда дар тасовири моҳвораӣ "эҳтимолан ба ҳавопаймои мафқудшуда муртабитанд."

Бр вуҷуди ин нахуствазири Устролиё таъкид кардааст, ки ёфтани ин қитаъот дар паҳнаи уқёнус бисёр душвор аст ва илова бар он мумкин аст пас аз ёфтани онҳо ҳам иртиботи миёни ин ашё ва ҳавопаймои нопадидшуда вуҷуд надошта бошад.

Сухангӯи вазорати эмании ҳавоии Устролиё ҳам гуфтааст, ки яке аз ду қитъаи ёфтшуда ҳудуди бисту чаҳор метр тӯл дорад ва тақрибан дар фосилаи ду ҳазору панҷсад килуметрии ҷануби ғарбии шаҳри Пурт, дар савоҳили ғарбии Устролиё мушоҳида шудааст.

Вай афзудааст, ки ҳануз ҳам мумкин аст ёфтани маҳали дақиқи ин ашё душвор бошад ва таъкид варзида, ки ҳатто пас аз ёфт шудани ин ашё низ маълум шавад бо ҳавопаймои нопадидшудаи молезиёӣ иртибот надорад.

Ба гузориши манобеъи расмии Устролиё пас аз эъзоми як ҳавопаймои шиносоии ин кишвар ба маҳалли вуҷуди ин ашё теъдоде ҳавопаймои шиносоии дигар низ озими ҳамин минтақа ҳастанд.

Аз замони оғози ҷустуҷӯ барои ёфтани ҳавопаймои парвози шумораи MH370 ширкати ҳавопаймойии Молезиё чанд бор тасовир ва гузоришҳое аз мушоҳидаи ашёи шиновар, ки гумон мерафта тиккаҳо аз лошаи ҳавопаймо бошад, мунташир шудааст, аммои таъаллуқи ҳеҷ кадом ба ин ҳавопаймо дар ниҳоят мавриди таъйид қарор нагирифтааст.

Буинги 777 хутути ҳавоии Молезиё рӯзи шанбеи ҳаштуми март ва дар ҳоле ки бо 239 сарнишин аз Куоло Лумпур озими Пекан буд, аз сафҳаи родор нопадид шуд.

Аз он ҳангом тими таҷассусии мутаъаллиқ ба 26 кишвари ҷаҳон аз осмон ва дарё машғули ҷустуҷӯ дар обҳои Дарёи ҷанубии Чин ва бахши ҷанубии уқёнуси Ҳинд ҳастанд то нишоне аз ин ҳавопаймои мафқудшуда биёбанд.

Матолиби муртабит