Дархости кумак аз ёздаҳ кишвари дигар барои кашфи ҳавопаймои молезиёӣ

  • 17 Март, 2014
Image copyrightReuters

Молезӣ эълом кардааст, ки ин кишвар аз родор ва додаҳои моҳвораии кишварҳои мухталиф барои ёфтани макони ҳавопаймои нопадидшудаи хатти Молезӣ истифода мекунад.

Мақомҳои молезиёӣ дар ҳоли тамос гирифтан бо Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Туркманистон, Покистон, Банглодеш, Ҳинд, Чин, Мионмор, Лоус, Виетном, Тойланд, Индунезӣ, Устролиё ва Фаронса ҳастанд. Мақомҳои покистонӣ пас аз баррасии рекурди родорҳо гуфтаанд, ки ҳеч асаре аз ҳавопаймои нопадидшуда ба даст наовардаанд.

Ҳавопаймои Буйнг 777--и ширкати ҳавопаймоии Молезӣ, як ҳафта пеш бо 239 сарнишин дар ҳоли парвоз аз Куоло Ломпур ба Пекан буд, ки нопадид шуд.

Аз он замон то кунун ҷустуҷӯҳо барои ёфтани ин ҳавопаймо натиҷае надоштааст.

Вазири ҳамлу нақли Молезӣ якшанбе гуфт, ки ҳамакнун 25 кишвар дар амалиёти ҷустуҷӯи ин ҳавопаймо ширкат доранд.

"Иқдоми амдӣ"

Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, ки тасаввур мешавад ҳавопаймо амдан аз масири аслӣ мунҳариф шуда буд, ҳамакнун таҳқиқ дар бораи хадама, мусофирон ва ҳатто масъулони фармон дар замин дар ҷараён аст.

Ҳишомиддин Ҳусейн, вазири ҳамлу нақли Молезӣ, гуфтааст, ки ҳамакнун фози тозае дар ҷустуҷӯҳо шурӯъ шуда.

Ӯ гуфт: "То пеш аз ин тамаркузи аслии мо бар обҳои камумқ буд, аммо ҳоло дар ҳоли ҷустуҷӯи манотиқи васеъе аз хушкӣ, ки аз 11 кишвар мегузарад ва ҳамчунин обҳои амиқ ва дурафтодаи уқёнусҳо ҳастем."

Женерол Холид Абӯбакр, раиси пулиси Молезӣ, гуфта, ки дархости баррасии бесобиқаи ҳама мусофирони ҳавопаймо содир шуда, аммо то кунун масъалаи сӯизаннбарагезе кашф нашудааст. Албатта баъзе аз вазоратхонаҳои иттилоъоти дигар кишварҳо ҳанӯз ба ин дархост посух надодаанд.

Ҳамчунин гузориш мешавад, ки пулис дар пайи касби иттилоъот дар мавриди зиндагии хонаводагӣ ва вазъияти равонии халабони ҳавопаймо Зиҳории Шоҳ ва кумакхалабон Фариқ Абдулҳамид аст ва хонаҳои онҳо рӯзи шанбе ҷустуҷӯ шуд.

Албатта оқои Ҳишомиддин дар як кунфронси хабарӣ таъйид кард, ки ин ду нафар тақозо накарда буданд бо ҳам парвоз кунанд.

Касоне ки оқои Зиҳориро мешиносанд, ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ин халабони 53-сола як марди оддӣ аст ва ҳеҷ чизи машкуке дар бораи ӯ вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, ки моҳвораи Инморест то панҷ соъат пас аз қатъи тамоси бурҷи мухобирот бо парвози Эм-эч 370 сигнолҳое аз он дарёфт мекардааст. Ҳамакнун ҳайъате аз ширкати моҳвораии Инморсет ба Молезӣ рафтааст.

Шавоҳиди моҳвораӣ нишон медиҳад, ки ҳавопаймои Буйнг 777 мумкин аст, то ҳафт соъат пас аз қатъи тамоси родорӣ ба парвозаш идома дода бошад.

Ҳавопаймо соъати 00:40 дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ дар рӯзи ҳаштуми март аз Куоло Ломпур баланд шуд ва тамосаш бо бурҷҳои мухобиротӣ ҳудуди 01:20 дақиқаи субҳ қатъ шуд.

Ҷустуҷӯҳои густарда аз он замон бо ширкати 43 киштӣ ва 57 ҳавопаймо ҳеҷ асаре аз ҳавопаймо наёфтааст.

Ду долони ҳавоӣ

Рӯзи 15 март Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Молезӣ, гуфт амалиёти ҷустуҷӯ барои ҳавопаймои мафқудшудаи хутути ҳавоии ин кишвар акнун бо дараҷаи болое аз итминон нишон медиҳад, ки системҳои иртиботии ҳавопаймо ғайрифаъъол шуда буда ва ин метавонад ҳосили иқдоми амдии як нафар дар дохили ҳавопаймо бошад,

Нахуствазири Молезӣ гуфт, ки тозатарин иттилоъоти моҳвораӣ таъйид мекунад, ки ҳавопаймо аз масири худ бозгашта ва ду бор ҷиҳат иваз карда, ки ин тағйири масир бори аввал ба самти ғарб ва бори дувум ба самти шимоли ғарб будааст.

Ба гуфтаи нахуствазири Молезӣ амалиёти ҷустуҷӯ дар дарёи ҷануби Чин мутаваққиф шуда ва акнун бар ду долони ҳавоии эҳтимолӣ мутамаркиз аст: долони шимолӣ, ки аз марзи Қазоқистон ва Туркманистон ба шимоли Тойланд имтидод дорад ва долони ҷанубӣ, ки аз Индунезӣ ба ҷануби уқёнуси Ҳинд мерасад.

Наҷиб Раззоқ гуфт бо вуҷуди шоеъоти марбут ба эҳтимоли рабуда шудани ҳавопаймо, мақомҳои Молезӣ ҳамчунон ҳамаи эҳтимолотро мадди назар доранд.

Матолиби муртабит