Дарёфти дувумин сигноли эҳтимолӣ дар ҷустуҷӯи ҳавопаймои молезиёӣ

  • 6 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Амалиёти ҷустуҷӯ дар уқёнуси Ҳинд муттамаркиз шудааст

Ҳамоҳангкунандагони амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшудаи молезиёӣ мегӯянд, ки як киштии чинӣ барои дувумин бор сигноле дарёфт карда, ки мумкин аст аз таҷҳизоти ҳавопаймои молезиёӣ фиристода шуда бошанд.

Дирӯз ҳам як киштии чинӣ, ки дар ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшудаи молезиёӣ буд, дар ҷануби уқёнуси Ҳинд сигноле дарёфт кард.

Бано ба гузоришҳо ин сигнолҳо фриконси 37,5 килуҳертс дар сония доштанд, ин фриконсе аст, ки таҷҳизоти сабти иттилоъоти парвоз рӯйи он сигнолро ирсол мекунанд.

Сигноли дувум, ки асри имрӯз (ба вақти Устролиё) дарёфт шуда, ҳудуди 90 сония тадовум доштааст.

Женерол Ангус Ҳустун, ки ҳидояти ҳайати ҳамоҳангии амалиёти ҷустуҷуро бар ӯҳда дорад, эълом кардааст, ки дарёфти ин сигнолҳо қадаме "дилгармкунанда ва муҳим" дар масири ёфтани сарнавишти ҳавопаймои нопадидшуда аст.

Даҳ ҳавопаймо ва киштӣ аз кишварҳои мухталиф ба амалиёти ҷустуҷӯи ин ҳавопаймо пайвастаанд. Дирӯз эълом шуд, ки амалиёти ҷустуҷӯ ташдид шуда то пеш аз тамом шудани ботриҳои таҷҳизоти сабти иттилоъоти парвоз нишонае аз ин ҳавопаймо пайдо шавад.

Ин ҳавопаймо бо 239 сарнишин аз Куоло Лумпур роҳии Пекан буд, ки бано ба иттилоъоти родорӣ дар миёни роҳ ногаҳон масири худро тағйир дод.

Матолиби муртабит