Ҷустуҷӯи ҳавопаймои молезиёӣ; дарёфти муҷаддади сигнолҳои ҳамхон бо ҷаъбаи сиёҳ

  • 7 Апрел, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Раиси ҳайъати ҳамаоҳангии амалиёти ҷустуҷӯ гуфтугӯе хабарӣ дар Перти Устролиё дошт

Женерол Ангус Ҳустун, ки ҳидояти ҳайъати ҳамоҳангии амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои молезиёиро бар уҳда дорад, дар як кунфронси хабарӣ эълом кард, ки тими ҷустуҷӯ муҷаддадан сигнолҳое мушобеҳи он чи ҷаъбаи сиёҳ мефиристад, дарёфт кардаанд.

Ӯ гуфт ин сигнолҳо дар ду навбат, яке ба муддати 2 соъату 20 дақиқа ва дигаре ба муддати 13 дақиқа тавассути як киштии устролиёӣ дарёфт шудаанд.

Женерол Ҳустун гуфт ин "умедбахштарин таҳаввул" зарфи рӯзҳои ҷустуҷӯ буда ва "беҳтарин иттилоъоте" аст, ки дорем.

Дар ду рӯзи гузашта ҳам гурӯҳи чинии даргир дар амалиёти ҷустуҷӯ ду бор сигнолҳое мушобеҳи сигнолҳои ирсолии таҷҳизоти сабти иттилоъоти парвоз гирифтаанд.

Раиси ҳайъати ҳамоҳангии амалиёти ҷустуҷӯ таъкид кард, ки ҳанӯз наметавон гуфт, ки ҳавопаймо пайдо шудааст ва шавоҳиди бештаре лозим дорем, ки мумкин аст ба даст оварданашон чанд рӯз ба тӯл бианҷомад.

Ӯ гуфт: "Дар аъмоқи обҳои уқёнус ҳеҷ ҷиз сареъ нест" ва "зери об иттифоқоти аҷибе меафтад." Ӯ таъкид кард, ки бидуни пайдо кардани лошаи ҳавопаймо наметавон бо қотеъият гуфт, ки пайдо шудааст.

Беш аз даҳ ҳавопаймои низомӣ ва ғайринизомӣ ва чандин киштӣ аз кишварҳои мухталиф амалиёти ҷустуҷӯро идома медиҳанд ва минтақаи ҷустуҷӯ ба таври чашмгире маҳдуд шудааст.

Парвози MH370 ҳавопаймои Молезӣ дар рӯзи 8 март бо 239 сарнишин аз Куоло Ломпур роҳии Пекан буд, ки нопадид шуд.

Аз он пас сенориюҳои мухталифе дар бораи он чи бар сари он ҳавопаймо омада, матраҳ шуд, ҳамакнун ба таври умда тасаввур мешавад, ки ин ҳавопаймо дар ҷануби уқёнуси Ҳинд суқут кардааст.

Матолиби муртабит