Омрико: Русия шароити сарнагунии ҳавопаймои молезиёиро эҷод кард

  • 23 Июл, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Ба гуфтаи манобеъи иттилоъотии Омрико артиши Русия масъули таҳвили мушаки Бук ва омӯзиши шибҳинизомиён будааст

Мақомоти Омрико ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русияро масъули сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарии Молезиё дониста, аммо аз муттаҳам кардани артиши Русия ба иртиботи мустақим бо ин моҷаро худдорӣ кардаанд.

Ниҳодҳои иттилоъотии Омрико бо интишори иттилоъияе гуфтаанд, ки шавоҳиди мавҷуд ҳокӣ аз он аст ки омили суқути ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавопаймоии Молезӣ дар рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта исобати як фарванд мушаки замин ба ҳаво будааст.

Ҳавопаймои мусофирбарии аз навъи Буинг 777 бо дувисту наваду ҳашт сарнишин дар масири парвози Омстердом дар Ҳулланд ба Куоло Лумпур, пойтахти Молезӣ, дар минтақае дар шарқи Укройн наздики марзи Русия суқут кард. Ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ сакуи партоби ин мушак дар шаҳри Снижне, дар минтақае дар шарқи Укройн дар наздикии марз бо Русия қарор дошта, ки шибҳинизомиёни ҷудоиталаб бар он тасаллут доранд.

Бар асоси ин иттилоъия артиши Русия мушакҳои зиддиҳавоии Букро дар ихтиёри шибҳинизомиёни ҷудоиталаб қарор дода то алайҳи ҳавопаймоҳои низомии Укройн ба кор гиранд ва мураббиёни русӣ низ омӯзиши онон дар заминаи истифода аз ин мушакҳоро бар уҳда доштаанд.

Пас аз интишори хабари суқути ҳавопаймо низ бархе нозирон ин назарро матраҳ карданд, ки дар сурате ки ҳавопаймо мавриди исобати мушаки пешрафтаи замин ба ҳаво қарор гирифта бошад, ба эҳтимоли зиёд ин мушак тавассути афроде шиллик шуда, ки аз тахассуси кофӣ дар мавриди корбурди он бархурдор набудаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Аҷсоди теъдоде аз қурбониёни суқути ҳавопаймои молезиёӣ ба минтақаи таҳти кунтрули давлати Укройн расид

Ба гуфтаи онон персуноли низомӣ ҳангоми истифода аз ин навъи мушаки пешрафта на танҳо қодир ба ҳадафгирии дақиқ ҳастанд, балки қудрати ташхиси ҳавопаймои мусофирбарӣ аз ҳавопаймои низомиро доранд ва илова бар ин маъмулан ин навъи таҷҳизот бидуни итминон аз салоҳияти корбарон ва дастури мофавқ дар ихтиёри персуноли хатти муқаддам қарор намегиранд.

Пеш аз суқути ҳавопаймои молезиёӣ истифода аз ин навъи мушак омили сарнагунии чанд фарванд ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Укройн буда, аммо ба гуфтаи манобеъи иттилоъотии Омрико то кунун артиши Укройн ниёзе ба корбурди ин навъи мушак дар амалиёти худ надошта, зерои шӯришиёни мухолифи давлат дорои нерӯи ҳавоӣ нестанд ва амалиёти артиш бар ҷанги заминӣ муттамаркиз аст.

Аз ҷумла шавоҳиде, ки манобеъи иттилоъотии Омрико дар мавриди моҷарои сарнагунии ҳавопаймои молезиёӣ матраҳ кардаанд, интишори хабари сарнагунии як фарванд ҳавопаймо дар Фейсбуки мутааллиқ ба шӯришиён дар рӯзи панҷшанбеи гузашта буд, аммо пас аз ин ки маълум шуд, ки ҳавопаймои соқитшуда на як ҳавопаймои низомии укройнӣ, балки як ҷети мусофирбарӣ буда, онон ин матлабро ҳазф карданд.

Ин манобеъ дар айни ҳол афзудаанд, ки наметавон гуфт, ки мушакро чӣ касе шиллик карда, аммо шавоҳиде дар даст нест, ки собит кунад низомиёни русӣ мустақиман дар ин моҷаро даст дошта ё дастури шиллики мушакро содир кардаанд. Дар ҳамон ҳол шавоҳиди мавҷуд нишон медиҳад, ки бо вуҷуди интиқоди шадиде, ки аз Русия ба хотири таҷҳизи шибҳинизомиён ба ин гуна таслиҳот сурат гирифта, ин кишвар ҳамчунон ба ирсоли аслиҳа барои ҷудоиталабони укройнӣ идома медиҳад ва аз ҷумла тасовири моҳвораинишон ҳокӣ аз он аст, ки дар рӯзҳои ахир сакуи партоби мушак, таҷҳизоти тӯпхона ва зиреҳӣ аз тариқи як маркази омӯзиши низомӣ дар ҷануби ғарби Русия барои онон фиристода шудааст.

Image copyrightReuters
Image caption Тасаллути шӯришиён бар минтақаи суқути ҳавопаймо монеъ аз суръати амал дар шиносоии иллати воқеа шуд

Дар пайи фишори байналмилалӣ барои баррасии иллати сарнагунии ҳавопаймои мусофирбарии молезиёӣ музокироти мақомоти молезиёӣ ва русӣ боиъс шуд то ҷудоиталабони укройнӣ саранҷом рӯзи душанбеи ин ҳафта ҷаъбаи сиёҳи иттилоъоти парвози ҳавопайморо ба коршиносони молезиёӣ таҳвил диҳанд ва ин ҷаъба дар ихтиёри гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ба раҳбарии коршиносони ҳуландӣ қарор гирифт.

Мақомоти ҳуландӣ гуфтаанд, ки тасмим гирифта шуд то ҷаъбаи сиёҳ ба як маркази таҳқиқотии мавриди таъйиди Созмони ҳавопаймойии байналмилалӣ дар Бритониё ирсол шавад ва дар онҷо мавриди баррасии коршиносони ин марказ ва гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ қарор гирад. Баррасии ин иттилоъот метавонад ба огоҳӣ аз иллати суқути ҳавопаймо кумак кунад, аммо коршиносон гуфтаанд, ки барои шиносоии дақиқи иллати сонеҳа , лозим буд ба суръат дар маҳал ҳузур ёбанд ва ба баррасии бақоёи ҳавопаймо ва аҷсоди қурбониён бипардозанд, ки ба далели мухолифати шибҳинизомиёни ҷудоиталаб имконпазир нашуд.

Рӯзи гузашта аҷсоди шуморе аз қурбониёни ин воқеа, ки тавассути шӯришиёни ҷудоиталаб дар минтақаи суқути ҳавопаймо гирдоварӣ шуда буд, бо қатор ба шаҳри Хоркиф расид. Ин шаҳр таҳти тасаллути давлати Укройн аст ва билофосила баррасии аҷсод оғоз шуд. Мақомоти ҳуландӣ гуфтаанд, ки ин қатор ҳомили танҳо дувист ҷасад будааст ва хостаанд имкони гирдоварӣ ва интиқоли сойири аҷсод низ фароҳам шавад.

Ҳамзамон мақомот ва расонаҳои вобаста ба давлат дар Русия масъулияти суқути ҳавопаймои молезиёӣро мутаваҷҷеҳи давлати Укройн карда ва гуфтаанд, ки бидуни тасмими мақомоти укройнӣ барои эъзоми артиш ҷиҳати муқобала бо шибҳнизомиёни ҷудоиталаб ва бозпасгирии манотиқи таҳти тасаллути онон, ҷанге дар минтақа рӯй намедод, ки боъиси суқути ҳавопаймо шавад. Ҳамчунин мақомоти укройнӣ мебоист фазои манотиқи шарқии он кишварро ба рӯйи парвозҳои ғайринизомӣ бубанданд.

Матолиби муртабит