Афзоиши таниш миёни Ғарб ва Русия дар робита бо суқути ҳавопаймои молезиёӣ

  • 21 Июл, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Кишварҳои ғарбӣ аз эҳтимоли дасткории ҷудоиталабон дар минтақаи суқути ҳавопаймо барои аз байни бурдани шавоҳид ибрози нигаронӣ кардаанд

Чаҳор рӯз пас аз сонеҳаи ҳавоии ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣ, кишварҳои ғарбӣ ҳанӯз натавонистаанд барои баррасии бештари иллати ин сонеҳа дар шарқи Укройн, коршиносони худро ба маҳали суқути ҳавопаймо эъзом кунанд.

Тунӣ Аббут, нахуствазири Устролиё вазъият дар маҳали сонеҳаи шарқи Укройнро "баҳамрехта" хондааст ва гуфта мутмаин аст, ки шӯришиёни тарафдори Русия ин ҳавопайморо ҳадаф гирифта ва ба он шиллик кардаанд.

37 шаҳрванди Устролиё низ дар миёни мусофирони ин ҳавопаймо буданд. Устролиё аз ҳомиёни қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид барои дастрасии комил ва номаҳдуд ба маҳали суқути ҳавопаймо дар Укройн аст.

Ҷулӣ Бишоп, вазири хориҷаи Устролиё низ аз ҷудоиталабон хоста, ки аз аҷсод ба унвони ҳарбае алайҳи давлати Укройн истифода накунанд.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё низ хоҳони эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Русия ва таҳти фишор қарор додани ин кишвар барои ҳамкории байналмилалӣ дар хусуси таҳқиқ барои ёфтани иллати суқути ҳавопаймо шудааст.

Дар пайи суқути ҳавопаймои парвози шумораи 17 ширкати ҳавопаймоии Молезӣ бар фарози минтақаи таҳти кунтрули ҷудоиталабон дар шарқи Укройн дар рӯзи панҷшанбе ҳамаи 298 сарнишини ин ҳавопаймо кушта шуданд.

Гуфта мешавад ин ҳавопаймо ба василаи як мушаки замин ба ҳаво ҳадаф қарор гирифтааст.

Морк Рутте, нахуствазири Ҳулланд дар тамосии телефунӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба вай гуфта "замон барои ин ки шумо нишон диҳед мехоҳед ёрирасон бошед, рӯ ба итмом аст."

193 нафар аз қурбониёни парвози MH17 атбоъи Ҳулланд буданд.

Владимир Путин ҳам гуфтааст, ки таъмини амнияти бозрасон дар минтақа зарурӣ аст, аммо моҷарои суқути ин ҳавопаймо набояд ба масоили сиёсӣ рабт дода шавад.

Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Омрико Русияро муттаҳам мекунанд, ки бо таҷҳизи низомии ҷудоиталабон дар шарқи Укройн амнияти минтақаро ба хатар андохтааст.

Ҳамчунин гузориш шуда, ки даргирии миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Укройн аз имрӯз субҳ (душанбе) дубора аз сар гирифта шудааст.

Сарнавишти номаълуми аҷсод

Image copyrightAFP
Image caption Нерӯҳои имдодӣ дар Укройн мегӯянд то кунун ҷасад ва бақоёи ҷасади 251 нафар аз қурбониёни сонеҳаи ҳавоии ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣро пайдо кардаанд

Нерӯҳои имдодӣ дар Укройн мегӯянд то кунун ҷасад ва бақоёи ҷасади 251 нафар аз қурбониёни сонеҳаи ҳавоии ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣро пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи давлати Укройн як қатори яхчолдори дигар барои ҷобаҷоии аҷсод ба маҳали сонеҳа фиристода шудааст. Укройн мегӯяд иддае, ки ба гуфтаи давлат "террурист" ҳастанд, монеъи ҳаракати қатори яхчолдори аввалӣ шуданд ва маълум нест, ки аҷсод ба куҷо мунтақил шуда‌анд.

Аммо ҷудоиталабони тарафдори Русия мегӯянд, ки ин қатор ба истгоҳи шаҳри Турез, дар 15 килуметрии маҳали сонеҳа мунтақил шуда то бақоёи қурбониён дар ихтиёри бозрасони байналмилалӣ қарор дода шаванд.

Ҷудоиталабон бақоёи қурбониёни суқути ҳавопайморо ба як қатори яхчолдор мунтақил кардаанд.

Ба гуфтаи Александр Бурудой, раҳбари ҷудоиталабон дар шаҳри Дунетск, иллати интиқоли бақоёи қурбониён гармои ҳаво ва вуҷуди ҳайвоноти даранда дар минтақа будааст.

Кишварҳои ғарбӣ аз эҳтимоли дасткории ҷудоиталабон дар минтақаи суқути ҳавопаймо барои аз байн бурдани шавоҳид ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико мегӯяд шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки баёнгари нақши Русия дар ҳадаф қарор додани ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣ бар фарози Укройн аст.

Оқои Керрӣ якшанбе дар Вошингтун гуфт Русия бояд масъулияти иқдомҳои ҷудоиталабон дар шарқи Укройнро бипазирад.

Ӯ ҳамчунин аз наҳваи ҷамъоварии бақоёи қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣ интиқод кард.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё низ рӯзи якшанбе гуфт дар сурате, ки амалкарди Владимир Путин дар Укройн тағйир накунад, кишварҳои ғарбӣ бояд рӯйкарди худро нисбат ба ин кишвар тағйир диҳанд.

Матолиби муртабит