"Ҷанги байни Русия ва Укройн иҷтинобнопазир аст"
Image copyrightBBC World ServiceАлександр Дугин, файласуфи саршинос ва дастиростии рус дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҷанги байни Русия ва Укройн иҷтинобнопазир аст ва аз Владимир Путин хостааст, ки барои "ҳифзи иқтидори маънавии Русия" дар шарқи Укройн дахолати низомӣ кунад.
Александр Дугин бунёнгузори ҷунбиши уруосиёии Русия аст ва гуфта мешавад, ки дидгоҳҳои ӯ дар миёни ҷиноҳҳои сиёсии тундрав дар Русия тарафдорони фаровоне дорад. То чанде пеш ӯ пруфессури донишгоҳи давлатии Маскав буд, вале мегӯяд, ки ин авохир ҳамкории ӯ бо ин маркази омӯзишии олӣ номушаххас аст.
Ӯ муддаъӣ аст, ки дидгоҳҳояш тағйир накарда, вале равиши бархурди мақомоти давлатӣ бо дидгоҳҳои ӯ эҳтимолан дар ҳоли тағйир аст.
Меҳвари аслии фарзияҳои ӯ дар заминаи жиюпулитик ин аст, ки Русия барои тасаллут бар ҷаҳон бояд бо Омрико рақобат кунад ва дар ин замина бояд бо Эрон ва аҳзоби мухолифи Иттиҳодияи Урупо, ки рӯ ба рушд ҳастанд, ҳамкорӣ кунад.
Бисёриҳо ӯро мағзи мутафаккири тасмими ахири раҳбарони Русия барои илҳоқи ноҳияи Криме ба он кишвар медонанд. Ӯ мегӯяд, ки гоми баъдӣ бояд дахолати низомӣ дар шарқи Укройн бошад, ки маъмулан онро "Русияи ҷадид" меномад. Путин низ дар мавориде аз ин унвон барои манотиқи шарқии Укройн истифода кардааст.
Александр Дугин муътақид аст ки ҷунбиши ҷудоиталабон дар шарқи Укройн "руҳи русӣ"-ро бедор кардааст. Ӯ ин ҷунбишро "баҳори русӣ" номидааст. Аз нигоҳи ӯ Игор Истрелкуф, раҳбари шӯришиёни шарқи Укройн таҷассуми ин бедорӣ аст ва оқои Дугин бо шӯришиён дар ноҳияи Дунетск иртиботи наздик ва мустамаре дорад.
Александр Дугин дар як мусоҳибаи телефунӣ бо Би-би-сӣ аз шаҳри Маскав, ба забони инглисии хубе суҳбат мекард ва бо нигаронӣ ҳушдор медод, ки "баҳори русӣ" дар ҳоли тазъиф аст ва акнун вазъияти бисёр ошуфтае дорад.
Оқои Дугин афзуд: "Либролҳои Русия бо Путин мухолифанд ва миҳанпарастон аз ӯ ҳимоят мекунанд, вале фақат ба шарте ки ӯ сиёсати меҳанпарастонаи худро идома диҳад. Аммо дар шароите, ки ӯ дучори тардид мешавад, ҳимояти ҳар ду ҷиноҳро аз даст медиҳад. Бозии хатарноке аст, вале шояд ӯ роҳи ҳалле барои он дошта бошад."
Александр Дугин аз соли 2008 ва замони ҷанги Русия ва Гурҷистон хостори илҳоқи Криме ба хоки Русия буд. Дар он замон ӯ ба ноҳияи мавриди ихтилофи Усетиёи Ҷанибӣ сафар кард ва дар канори нерӯҳои низомӣ ва як воҳиди мушакандоз акс гирифт.
Ӯ муътақид аст, ки дар он муноқиша Русия мебоист то Тифлис, пойтахти Гурҷистон пешравӣ мекард ва пас аз сарнагун кардани ҳукумати Михоил Соокошвилӣ, хоки Кримеро ҳам тасарруф мекард, ки аз нигоҳи ӯ "бахши таҷзияшудае аз хоки Русия" аст.
Дидгоҳҳои назири ин на фақат дар Укройн балки дар бахши густардае аз ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ хашми бисёреро бармеангезад.
Солҳо пеш ҳатто бисёре аз мардуми Русия низ чунин дидгоҳҳоеро бисёр ифротӣ медонистанд. Вале имрӯза чунин нест ва аз замони илҳоқи Криме ба хоки Русия мизони маҳбубияти Путин ду баробар шуда ва акнун ҳудуди 86 дарсад аст.
Тибқи назарсанҷӣ ва баррасиҳое, ки тавассути як маркази пажуҳишии мустақил ба номи Леводо дар Маскав анҷом шуда, ҳудуди ду сеюм аз мардуми Русия аз иқдомоти ҷудоиталабон дар шарқи Укройн ҳимоят мекунанд ва аксарияти мардум муътақиданд, ки давлати Русия бояд аз онҳо ҳимоят кунад.
'Сояи либерол'
Акнун, ки нерӯҳои давлатии Укройн ба самти мавозеъи шӯришиён дар шарқи ин кишвар дар ҳол пешравӣ ҳастанд, Александр Дугин "либеролҳо"ро масъули тардиди Путин ва эъзом накардани нерӯи низомӣ ба ин манотиқ медонад.
Аз нигоҳи ӯ "либеролҳои" Русия аксаран сармоядороне ҳастанд, ки дар солҳои даҳаи 1990 сарвати худро ба даст оварданд. Ба эътиқоди ӯ агар таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Русия ташдид шавад, ҳамин афрод зарар хоҳанд кард, чун фаъолиятҳои иқтисодӣ ва сарвати онҳо дар шабакаи иқтисоди ҷаҳонӣ идғом шудааст.
Аз нигоҳи Александр Дугин далели тардиди Путин барои дахолат дар шарқи Укройн маҳсули ҷидоли қудрат дар даруни ҳукумати Русия ва дар зеҳни худи раиси ҷумҳур аст.
Ӯ меафзояд: "Ин ҷидоле аст байни урдуи миҳанпарастон, уртудуксҳо ва нерӯҳои муҳофизакор бо нерӯҳои либерол, ки онҳо ҳам бисёр нерӯманд ҳастанд. Ваҷҳи миҳанпарастонаи Путин аз суи аксарияти мардум ҳимоят мешавад ва сояи либероли ӯ дар ҳақиқат нухбагон ва мақомоти сиёсӣ, улигоршҳо ва оқои Медведев, нахуствазирро шомил мешавад."
Бисёре аз русҳо бо ин мавзеъи мухолифат бо нухбагон ва низоми мавриди ҳимояти онҳо ҳамдилӣ доранд ва ба "соҳибимтиёзони либерол" эътимоде надоранд чун онҳоро масъули нобасомониҳоии иқтисодии даҳаи 1990 медонанд.
На танҳо бисёре аз русҳо бо идияҳои носиунолизми ифротӣ ва низомии Александр Дугин мувофиқанд, балки гурӯҳе аз онҳо бо ҳазинаи худ васоил ва таҷҳизоти лозимро харидорӣ карда ва ба шарқи Укройн мераванд, то дар канори шӯришиёни тарафдори Русия биҷанганд.
