Пурушенку: Афсарони Русия дар шарқи Укройн меҷанганд

  • 14 Июл, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Мақомоти низомии Укройн аз поёни муҳосираи фурудгоҳи шаҳри Луҳонск хабар додаанд

Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн гуфтааст дар ҷануби шарқи ин кишвар афсарони рус меҷанганд ва таслиҳоти ҷадиди Русия истифода мешавад.

Оқои Пурушенку ба ҳангоми мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои қудратии Укройн гуфт: "Тайи се рӯзи ахир алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Укройн аз системи ҷадиди русии партоби рокет кор гирифта шуд."

Дар ҳамин ҳол рӯзи душанбе як ҳавопаймои борбарии низомии Укройн дар шаҳри Луҳонск аз навъи Ан-26 суқут дода шуд.

Волери Гелетей, вазири дифоъи Укройн ҳангоми ироаи гузориш ба оқои Пурушенку дар ин бора тахмин задааст, ки ин ҳавопаймо аз қаламрави Русия ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад ин ҳавопаймо дар ҳоли интиқоли маводи ғазоӣ ва васоили дигар барои сарбозони укройнӣ буда, ки дар шарқи ин кишвар машғули анҷоми амалиёти зиддитерруристӣ ҳастанд.

Вазири дифоъи Укройн гуфтааст халабонҳои ин ҳавопаймо ба ҳангоми суқути он париши изтирорӣ анҷом додаанд ва сипас бо ин вазорат тамоси телефунӣ гирифтаанд.

Аммо дертар дар Твиттери ҷумҳурии худхондаи Дунетск хабар дода шуд, ки чаҳор халабони ҳавопаймо дар асорат ҳастанд ва дар шаҳри Краснодон мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд.

Ҷанг барои фурудгоҳи Луҳонск

Дар ҳамон ҳол фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Укройн аз анҷоми "шаш зарбаи қудратманд" ба ҳадафҳое дар шарқи вилояти Луҳонск дар чаҳрчӯби амалиёте барои шикастани муҳосираи фурудгоҳи Луҳонск хабар додааст.

Низомиёни Укройн аз пешравӣ дар ҷанг бо ҷудоиталабон дар манотиқи ҳошияии шаҳри Луҳонск сухан гуфтаанд.

Тибқи ҳамин хабарҳо муҳосираи фурудгоҳ шикаста шуда ва ва артиши Укройн чанд русторо аз дасти ҷудоиталабон гирифтааст.

Яке аз сокинони шаҳри Луҳонск ба Би-би-сӣ гуфт қаламрави шаҳр низ ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифтааст.

Мақомоти ҷумҳурии худхондаи Дунетск мегӯянд дар ҷараёни даргириҳо барои ба даст гирифтани кунтрули фурудгоҳ як корвони худравҳои зиреҳпӯши артиши Укройн аз байн бурда шудааст.

Охири ҳафтаи гузашта пас аз он ки Русия Укройнро муттаҳам ба анҷоми ҳамлаи ҳавоӣ ба шаҳри Дунетск дар вилояти Рустуви Русия ва кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани ду нафар кард, вазъият дар шарқи Укройн шиддати бештар касб кард.

Тибқи гузоришҳо рӯзи якшанбе дар вилоятҳои Луҳонск ва Дунетски Укройн дастикам 15 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Дархостҳои тоза барои музокироти ҷадид

Image copyrightAFP
Image caption Сокинони шаҳри Луҳонск ба Би-би-сӣ гуфтаанд бархе аз манотиқи шаҳр ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтаанд

Дар ҳамон ҳол Русия ва Олмон пешниҳод кардаанд, ки миёни давлати Укройн ва ҷудоиталабон музокироте ҷадид сурат бигирад.

Омрико ва Бритониё низ аз Русия хостаанд аз шиддати авзоъ дар шарқи Укройн бикоҳад.

Девид Комерун ва Борок Убомо дар як суҳбати телефунӣ таъкид кардаанд, ки агар Русия дар ҷиҳати коҳиши шиддати авзоъ иқдом накунад, бо таҳримҳои тозае рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бар асоси арзёбиҳои мустақил дар ҷараёни даргириҳо дар шарқи Укройн аз оғози ин даргириҳо то кунун беш аз 1000 нафар кушта шудаанд, ки шомили афроди ғайринизомӣ ва афроде мешавад, ки дар ин даргириҳо мустақиман ширкат кардаанд.

Матолиби муртабит