Укройн: Ҳавопаймои артишамон эҳтимолан аз Русия ҳадаф қарор гирифта
Image copyrightAFPВазорати дифоъи Укройн мегӯяд, ки як ҳавопаймои таробарии артиши ин кишвар бо шиллики рокете сарнагун шудаст. Укройн мегӯяд эҳтимолан ин ҳавопаймо аз хоки Русия ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳамзамон Ноту эълом кардааст, ки афзоиши чашмгире дар шумори нерӯҳои Русия дар марз бо Укройн ба чашм мехӯрад.
Ба гуфтаи мақомҳои укройнӣ, ҳавопаймое, ки имрӯз суқут кардааст, дар иртифоъи 6500-метрӣ ҳадаф қарор гирифта ва ин иртифоъ он қадар боло аст, ки шибҳнизомиёни ҷудоиталаби шарқи Укройн тавоноии ҳадаф қарор додани ҳавопайморо надоштаанд. Вазорати дифоъи Укройн мегӯяд ин ҳавопаймо бо мушакҳое қавитар аз рокетҳои дар ихтиёри ҷудоиталабон ҳадаф қарор гирифтааст.
Русия то кунун мавзеъе дар ин бора нагирифтааст.
Он тавр, ки эълом шудааст, шуморе аз хадамаи парвоз наҷот ёфтаанд ва ҷустуҷӯ барои дигарон идома дорад.
Укройн Русияро ба заминасозии иқдоми низомӣ муттаҳам мекунад ва Ноту ҳам тахмин мезанад, ки нерӯҳои рус дар марзи Укройн ба 10 то 12 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд. Русия ин амрро такзиб кардааст.
Дар рӯзи якшанбе зоҳиран пас аз кушта шудани марде дар дохили марзи Русия дар асари гулӯлаи рокетӣ, ки аз Укройн партоб шуда буд, Маскав нисбат ба "авоқиби ғайриқобили баргашти" он ҳушдор дод.
Аммо давлати Укройн ҳадаф гирифтани хоки Русияро такзиб кард.
Сарнавишти номаълум
Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, дар баёнияе, ки дар вебсойти раёсати ҷумҳурӣ мунташир шуд, гуфт, ки ҳавопаймои АН-23 дар амалиёти "зиддитеруристӣ" дар минтақа ширкат дошт, ки ҳадаф қарор гирифт.
Вазири дифоъи Укройн гуфт, ки амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот барои ёфтани хадамаи мафқуди ҳавопаймо дар ҷараён аст.
Ондрей Лисенку аз Шӯрои амният ва умури дифоъии Укройн баъдан ба расонаҳои ин кишвар гуфт, ки ҳашт нафар сарнишини ҳавопаймо будаанд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ нерӯҳои шӯришӣ , ки пештар гуфтанд ҳавопайморо дар минтақаи Луҳонск ҳадаф гирифтаанд, иддаъо карданд, ки хадамаи ҳавопайморо асир кардаанд ва дар ҳоли бозҷӯӣ аз онҳо дар шаҳри Кроснудун ҳастанд.
Моҳи гузашта шӯришиён як ҳавопаймои таробарии низомӣ аз навъи ИЛ-76-ро ки дар ҳоли фуруд дар фурудгоҳи Луҳонск буд,соқит карданд, ки ба марги 49 сарбоз ва хадамаи он мунҷар шуд.
Набардҳо дар ин ноҳия аз рӯзи ҷумъа, ки ҳамлаи шӯришиён бо рокет ба нерӯҳои двлатӣ дар наздикии марзи Русия боъиси марги ҳадди ақал 19 сарбози укройнӣ шуд, бори дигар ташдид шудааст.
Оқои Пурушенку қавли талофиҷӯӣ ба хотири он ҳамларо додааст. Ӯ рӯзи душанбе ҳамчунин гуфт, ки афсарони низомӣ дар миёни шӯришиён дида мешаванд; иддаъое, ки Русия рад кардааст.
