Омрико мегӯяд тӯпхонаи Русия ба Укройн шиллик мекунад

  • 25 Июл, 2014
УкройнImage copyrightGetty
Image caption Набардҳо дар шарқи Укройн идома дорад

Омрико мегӯяд шавоҳиде дорад, ки нишон медиҳад тӯпхонаи Русия аҳдофе низомӣ дар дохили Укройнро ҳадаф гирифтааст.

Вазорати хориҷаи Омрико гуфт, ки Русия ҳамчунин қасд дорад "рокетандозҳои сангинтар ва қавитаре чандгона"-ро таҳвили ҷудоиталабони ҳаводори Маскав бидиҳад.

Русия мукарраран ирсоли мушакандоз барои шӯришиёни Укройнро такзиб кардааст.

Омрико ин иттиҳомотро як ҳафта пас аз суқути парвози шумораи Эм-эч-17-и хутути ҳавоии Молезӣ бар фарози шарқи Укройн матраҳ мекунад. Бисёре ангушти иттиҳом дар он ҳодисаро мутаваҷҷеҳи шӯришиёни укройнӣ мекунанд.

Талошҳои чандмиллиятӣ барои ёфтани илали суқути ҳавопаймо таҳти ҳидояти Ҳуланд, ки 193 шаҳрвандаш сарнишини ҳавопаймо буданд, дар ҷараён аст.

Ҳамаи 298 сарнишини ҳавопаймо дар суқути он кушта шуданд.

Омрико, ки мукарраран Русияро ба тунд кардани оташи эҳсосоти ҷудоиталабона дар шарқи Укройн муттаҳам мекунад, мегӯяд бар ин бовар аст, ки шӯришиён парвози Эм-эч-17-ро бо мушаки русии замин ба ҳавои Бок Эс-эй-11 ва эҳтимолан ба иштибоҳ соқит кардаанд.

Раҳбарони шӯришиён дар шарқи Укройн ривоятҳои зидду нақизе аз дар ихтиёр доштани мушаки Бок дар замони суқути ҳавопаймо ироа кардаанд.

Морӣ Ҳарф, сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ки Омрико шавоҳиде муттакӣ бар "итилоъоти таҷассусии" маъмурон дорад, ки нишон медиҳад Русия бо тӯпхонааш ба шарқи Укройн шиллик мекунад.

Ӯ гуфт, ки Омрико ҷузъиёти бештаре ироа нахоҳад кард, то манобеъ ва наҳваи ҷаъоварии иттилоъот ба хатар наюфтад.

Ҳамзамон, Иттиҳодияи Урупо рӯзи панҷшанбе гуфт, ки номи 15 нафар ва 18 ниҳодро ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Русия ва Укройн изофа мекунад.

Сафири Русия дар Бритониё ин иқдоми Иттиҳодияи Урупоро "ғайриқонунӣ, ғайримантиқӣ ва ғайрисозанда" тавсиф кард.

Нерӯи чандмиллиятӣ

Дар ин рӯз ҳамчунин ду ҳавопаймои дигари ҳомили аҷсоди шумори дигаре аз мусофирон ва хадамаи хутути ҳавоии Молезӣ барои шиносоӣ тавассути додпизишкон вориди Ҳуланд шуд.

Муҳаққиқони ҳуландӣ дар дастрасӣ ба маҳалли суқут, ки дар кунтрули шӯришиён аст, бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд.

Ҷамъоварии бақоё аз маҳал ҳанӯз комил нашудааст.

Тунӣ Абут, нахуствазири Устролиё, пешниҳоди ташкили як нерӯи бузурги чандмиллиятӣ барои эминсозии маҳалли суқути ҳавопаймо тавассути кишварҳое, ки бештарин қурбониро дар он додаанд, ироа кардааст. Ин кишварҳо Устролиё, Ҳуланд ва Молезӣ ҳастанд.

Ҳамзамон муҳаққиқони ҳавонавардӣ дар Бритониё бо муваффақият тавонистаанд додаҳои ду ҷаъбаи сиёҳи ҳавопайморо истихроҷ кунанд.

Онҳо дар ҷустуҷӯи овоҳои забтшуда аз охирин лаҳазоти парвоз ва ҳамчунин иттилоъоти ҳассос дар бораи сарнахҳое аз ҳар гуна бархӯрди мушак ҳастанд.

Матолиби муртабит