Тамриноти низомии Русия дар заминаи 'интиқоли нерӯ ба Осиёи Миёна'
Image copyrightstat.mil.ruРусия як марҳилаи ҷадиди тамриноти низомиеро анҷом додааст, ки шомили нерӯҳои ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон низ будааст.
Ба нивиштаи нашрияи “Независимая газета”, ин тамринот нишон дода, ки аз ин ба баъд бо таваҷҷуҳ ба хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон барои давлати Русия минтақаи Осиёи Марказӣ авлавият хоҳад дошт.
Гуфта мешавад, ки ин тамринот марҳилаи омодагӣ барои баргузории се тамриноти дигар дар тобистони соли ҷорӣ хоҳад буд, ки дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ баргузор мешаванд.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар ҷараёни тамриноти ахир ҳавопаймоҳои борбари низомии Русия дар тӯли ду шабонарӯз 96 парвоз анҷом дода ва миқдори зиёди лавозими низомӣ ва теъдоди қобили мулоҳизаи сарбозонро мунтақил кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон то поёни соли ҷорӣ хориҷ шаванд. Вале соҳибназарон мегӯянд, ки Омрико аз Афғонистон комилан хориҷ намешавад ва миқдоре аз нерӯҳои худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаҳ хоҳад дошт.
Вале ба гуфтаи таҳлилгарон, бархе аз кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна таҳти нуфузи низомию сиёсии Маскав қарор доранд ва ин тасмими Омрико наметавонад Кремлинро қонеъ созад.
