Поёни ҷаласаи вузарои хориҷаи Гурӯҳи Шонгҳой дар Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceВузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳаллу фасли масоили Афғонистон таъкид кардаанд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки баррасии масоили таҳкими амнияти минтақа яке аз мавзӯъоти муҳимми матраҳшуда дар ҷаласаи вузарои хориҷаи кишварҳои узви ин созмон буд.
Сироҷиддин Аслов рӯзи панҷшанбеи 31 июл дар нишасти хабарии кӯтоҳе ба дунболи ҷаласаи вузарои хориҷа дар Душанбе гуфт: "Дар ин ҳамоиш вузарои хориҷӣ дар мавриди табдил шудани Афғонистон ба як кишвари мустақил, ором, бетараф ва пешрафта ҳамақида буда ва ба нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли масоили Афғонистон таъкид шуд."
Ба гуфтаи оқои Аслов, дар ҳамоиши имрӯз ҳамчунин тарҳи тасими Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар бораи “Тавсеъаи истротежии пружеҳои СҲШ то соли 2025” таъйид шудааст.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд: "Ин тарҳ ҳамкориҳо ва вазоиф барои ояндаи кишварҳои узви созмон ва боздеҳи иҷрои онҳоро мушаххас мекунад."
Оқои Аслов ҳамчунин иброз дошт, ки дар нишасти имрӯзи вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви СҲШ, мадорики ҳуқуқӣ барои пазироии кишварҳои дигар ба узвияти ин созмон низ таҳия шудааст.
Ҳамчунин, вузарои хориҷа ҳамкории Созмони Ҳамкории Шонгҳой бо созмонҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СПАД, Иттиҳодияи УруОсиё ва соири созмонҳо дар ҷаҳонро муҳим арзёбӣ кардаанд.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 таъсис шуда ва Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Эрон, Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар ин созмон маҳсуб шуда ва Белорусу Сри-Лонко мақоми шарики музокиротро доранд. Бархе аз кишварҳо, монанди Ҳинд, Эрон ва Покистон, алоқаманди касби узвияти ин созмон будаанд.
Дар ҷаласаҳои мухталифи ин созмон маъмулан дар канори масоили иқтисодӣ мавзӯъоти марбут ба муборизаи муштарак алайҳи терурисм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва маводди мухаддир баррасӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ба бовари бархе аз коршиносони масоили сиёсӣ, Созмони Ҳамкории Шонгҳой даҳ сол қабл тавассути Русия ва Чин, ду кишвари ба гуфтаи онҳо ғайридемукротик, танҳо барои он таъсис шуд, ки дар муқобили абарқудратҳое монанди Омрико ва Иттиҳодияи Урупо қудрат бигирад.
