Таҷаммуъи сокинони Тоҷикистон дар манотиқи марзӣ бо Қирғизистон
Дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон сокинони рустоҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло гирдиҳам омада, аз ҷониби Қирғизистон хостори боз кардани роҳи иртиботии масири Ворух-Исфара ва берун кашидани посгоҳи “Тамдиқ” аз ҳудуди баҳснок шудаанд.
Абдуфайёз Болтақулов, як сокини рустои Ворух, дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки имрӯз аз рустои Ворух 1000 нафар ва аз рустои Хоҷаи Аъло 500 нафар дар наздики марзи Қирғизистон таҷаммуъ кардаанд.
Оқои Болтақулов ин таҷаммуъро осоишта хонда, вале ҳушдор дод, ки дар сурати иҷро нашудани тақозояшон мумкин аст сокинон даст ба аъмоли хушунатомез зананд.
Зимнан, Идораи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон субҳи имрӯз зимни пахши як баёния вазъи марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистонро муташанниҷ арзёбӣ карда ва аз имкони ҳамлаи сокинони рустоҳои Тоҷикистон ба посгоҳи марзии “Тамдиқ”-и Қирғизистон ҳушдор дода буд.
Ҷониби Қирғизистон таъкид дошт, ки ба ҳангоми ҳамла ба посгоҳи марзӣ ва убури ғайриқоннунии сокинони Тоҷикистон аз марз алайҳи онҳо тадобири ҷиддӣ иттихоз хоҳад шуд.
Зимнан, зуҳри панҷшанбеи 10 июл марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм гулӯла шиллик карданд, ки бар асари он 1 нафар кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд. Вазъи саломатии 3 захмӣ вахим арзёбӣ шуда ва ин афрод ба бахши эҳёи бемористони шаҳри Исфара мунтақил шудаанд.
Ду марзбони тоҷик, ки ба кумаки сокинони Ворух омада буданд, тавассути марзбонони қирғиз захмӣ шудаанд. Ҷавониби Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро ба таҳрики мухолифат ва тирандозӣ дар манотиқи марзӣ муттаҳам кардаанд.
