Баррасии масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек
Image copyrightBBC World ServiceМақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтаанд, ки бурузи ихтилофот дар марзи муштараки ин ду кишвар “набояд риштаву пайвандҳои анъанавии дӯстии ин ду давлатро халалдор кунад.”
Ин нукта дар дидори Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек иброз шудааст.
Бино ба иттилоъи торнамои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 17 июл оқои Аслов зимни дидори расмӣ аз Қирғизистон бо мақомоти он кишвар дидор ва масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, минтақа ва байналмилалиро баррасӣ кардааст.
Ҷонибҳо аз коҳиши мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози нигаронӣ карда ва ба имкони тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои нақлиёт, энержӣ ва тиҷорат дар манотиқи марзӣ таъкид кардаанд.
Аммо гуфта мешавад, масоили марзӣ ва роҳҳои ҳалли мухолифатҳо дар манотиқи марзӣ аз мавзӯъоти аслии дидори Сироҷиддин Аслов бо мақомоти Қирғизистон маҳсуб мешавад.
Аз ҷумла, дар мулоқоти оқои Аслов бо Эрлан Абдилдаев, ҳамтои қирғизи ӯ, масоили марбут ба фаъъолияти бештари Кумисиюни муштарак барои таъйини хутути марз таъкид шудааст.
Вузарои хориҷаи ин ду кишвар аз ҳаводиси ахир дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки талафоти ҷонӣ дар пай дошт, ибрози таассуф карда, хостори таҳқиқу бозрасии муштараки ин ҳаводис ва талошҳо барои ҷилавгирӣ аз бурузи чунин мухолифатҳо дар манотиқи марзӣ шудаанд.
Зимнан, зуҳри панҷшанбеи 10 июл марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, тирандозӣ карданд, ки бар асари он як нафар кушта ва ҳашт нафари дагар захмӣ шуданд.
Баъдан ду марзбони тоҷик, ки ба кумаки сокинони Ворух омада буданд, тавассути марзбонони қирғиз захмӣ шудаанд. Ҷавониби Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба таҳрики ихтилоф ва тирандозӣ дар манотиқи марзӣ муттаҳам кардаанд.
Коршиносон мушаххас набудани хутути марзӣ ва вуҷуди манотиқи баҳсбаангезро аз илали аслии бурузи мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хондаанд. Дар зарфи 20 соли истиқлол мақомоти ин ду кишвар натавонистаанд дар таъйини хутути марзӣ ба тавофуқ бирасанд.
Имтидоди марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 килуметр буда ва аз ин ҷумла танҳо 504 килуметр аз хатти марз таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон зимни мушаххас сохтани марзи муштарак ба истифода аз нақшаи марзбандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1924 пофишорӣ дорад, аммо ҷониби Қирғизистон дар ин замина ба нақшаи соли 1989 авлаият қоил аст.
Коршиносон мегӯянд, ки ба далели ин гуна ихтилофи назарҳо раванди таъйини хутути марзӣ байни ду кишвар тақрибан вориди бунбаст шудааст.
