Кушта шудани як сокини Ворух аз сӯйи нерӯҳои вижаи қирғиз
Image copyrightBBC World ServiceДар асари даргирӣ дар минтақаи марзии байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дастикам як нафар кушта ва ҳашт тани дигар захмӣ шудаанд.
Манобеъи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, ки нерӯҳои вижаи қирғиз бо тирандозӣ ба сӯи сокинони рустои Ворухи Тоҷикистон дар мавзеъи Бедак як сокини ноҳияи Исфараро кушта ва ҳашт нафари дигарро захмӣ кардаанд.
Ба гуфтаи масъулони ҷамоъати деҳоти Ворух, марзбонони Қирғизистон ҳамчунин роҳи мунтаҳӣ ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғдро, масдуд кардаанд.
Толибҷон Маҳкамов, муъовини раиси ширкати кишоварзии Ворух, рӯзи панҷшанбеи 10 июл дар суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазъи саломати ду нафар аз сокинони захмишуда вахим аст.
Оқои Маҳкамов мегӯяд, ки ин сокинон дар мазореъи худ машғули кор буданд, ки нерӯҳои вижаи қирғиз ба сӯи онҳо гулӯла шилик карданд. Вай афзуд, ки ин воқеъа дар мавзеъи Бедак дар ҳаволии рустои Ворух иттифоқ уфтодааст.
Оқои Маҳкамов, ки худаш дар бемористони Ворух, ҷое ки захмиҳо таҳти муроқибати пизишкон ҳастанд, қарор дошт, гуфт: "Дар ин воқеъа Сафолиддин Шаропови 36-сола кушта шуд. Ҳоло мо мехоҳем захмиҳоро ба шаҳри Хуҷанд барем, вале марзбонони қирғиз роҳро бастаанд."
Оқои Маҳкамов мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир марзбонони тоҷик ва қирғиз машғули гуфтугӯ дар мавриди боз кардани ин роҳ ҳастанд.
Пештар расонаҳои Қирғизистон нивишта буданд, ки субҳи рӯзи 10 июл дар минтақаи марзии байни ду кишвар тирандозӣ рух додааст.
Аз ҷумла торнамои хабарии "24.кг" навишт: "Ҳудуди 30 нафар талош доштанд як лулаи обрасониро аз қаламрави Қирғизистон ба рустои Бедаки Ворух (Тоҷикистон) насб кунанд. Марзбонони қирғиз дар маҳал ҳозир шуда ва аз онҳо хостанд, ки ба кори худ поён диҳанд, чун ин мавзеъ ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Дар посух ба тақозои марзбонони қирғиз атбоъи тоҷик ба сӯи онҳо санг андохтанд."
Ин хабаргузории қирғизӣ менависад, ки нахуст "марзбонони тоҷик, ки дар наздикии маҳал қарор доштанд, ба сӯйи марзбонони мо тир андохтанд", ҳарчанд манобеъи маҳаллӣ дар минтақаи Ворухи Тоҷикистон ин иддиъоро бепоя хонда ва мегӯянд, ки марзбонони қирғиз "ба сӯи мардуми бесилоҳ тир гушоданд."
Ин дар ҳолест, ки музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи душанбеи 7 июл дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, анҷом шуд, масоили марбут ба бунёди роҳҳо ва қарордоди истифода аз роҳҳо дар ин мантақаро баррасӣ кардаанд.
Қарор буд миёни ду тараф қарордоде дар ин бора имзо шавад, аммо ба далели ихтилофи назар байни ҳайъатҳои ду кишвар бар сари масоили марбут ба истифода аз роҳҳо тавофуқе ҳосил нашуд.
Дар асари даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштарак панҷ марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик захмӣ шуданд. Дар пайи ин даргирӣ равобити ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва давлати Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро баста буд.
Пас аз музокироти пайгиронаи ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳҳои марзӣ ва роҳи иртиботӣ дар масири Исфара-Ворух боз шуда буд.
