Тавофуқ бар сари бунёди роҳҳои баҳсбарангез дар Исфара ва Бодканд

  • 4 Июл, 2014
МарзImage copyrightBBC World Service
Image caption Бунёди роҳҳои иртиботии баҳсбарангез дар манотиқи марзӣ ба таниш дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шуда буд

Мақомҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди бунёди роҳҳои утумубилрав ва ду пули иртиботӣ дар манотиқи марзии мавриди баҳс дар Исфара ва Бодканд ба тавофуқ расидаанд.

Шералӣ Ганҷалзода, муъовини аввали вазири таробарии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 4 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ин замина прутукуле имзо шуд.

Ба гуфтаи оқои Ганҷалзода, бар асоси ин санад, ҷониби Қирғизистон роҳи утумубилрави масири Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш ва ду пули иртиботӣ миёни рустоҳои Кулунду ва Маскати ин кишварро бунёд карда ва Тоҷикистон роҳи иртиботӣ миёни шаҳри Исфара ва рустои Ворухи Тоҷикистонро бунёд хоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки дар канори роҳи феълии Исфара-Ворух дар ин масир роҳи олтернотиве сохта хоҳад шуд, ки аз рустои Оқсойи Қирғизистон убур нахоҳад кард. Роҳе, ки ҳоло вуҷуд дорад, аз байни рустои Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ҳамвора танишҳое байни сокинони ду кишвар сурат мегирад.

Ҳамзамон, муъовини аввали вазири таробарии Тоҷикистон таъкид кард, ки қарор аст рӯзи 7 июли соли ҷорӣ гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Қайроққум, дар шимоли Тоҷикистон, тарҳи мувофиқатномаи байнидавлатӣ дар масоили бунёди роҳҳои иртиботӣ миёни ин ду кишварро баррасӣ кунанд.

Танҳо дар сурати имзои ин санад нақшаи роҳҳои иртиботӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон мушаххас шуда ва рӯзи 10 июли соли ҷорӣ бунёди ин роҳҳо шурӯъ хоҳад шуд.

Абдураҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири Қирғизистон дар масоили амният, ҳуқуқу тартибот ва марзи Қирғизистон, низ пас аз поёни ҷаласаи муштараки ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек дар нишасте хабарӣ дар ин бора иттилоъ додааст.

Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон, роҳи утумубилрав дар масири Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба ташаннуҷи авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шуда буд.

Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо 7 мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунанд. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн соми Қирғизистон ё ҳудуди 8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.

Аз ҷумла, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни марзбонони тоҷику қирғиз даргирие рух дода ва бар асари он 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.

Дар рӯзи 7 май дар минтақаи Жака Оруқи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон миёни сокинони ин ду кишвар задухӯрди дигаре рух дод. Ҷониби Қирғизистон аз ба оташ кашидани 2 пумпи бензин, як фурӯшгоҳ ва 2 комюн ё мошини боркаши “Камаз”-и сокинони ин кишвар аз сӯйи муътаризони тоҷик хабар дод.

Бар асари задухӯрд нуҳ сокини Қирғизистон бо захмҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шуданд. Вазъи ду захмиҳо вахим арзёбӣ шудааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам аз бистарӣ шудани шаш сокини ноҳияи Исфараи ин кишвар дар бемористон хабар дода буд.

Коршиносон мушаххас набудани хутути марзӣ ва вуҷуди манотиқи баҳсбарангезро аз илали аслии бурузи мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хондаанд, ки дар зарфи 20 соли истиқлол мақомоти ин ду кишвар натавонистаанд дар заминаи таъйини хутути марз ба тавофуқ бирасанд.

Имтидоди марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 килуметр буда ва аз ин ҷумла танҳо 504 килуметри хатти марз таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Тоҷикистон зимни таъйини марз ба истифода аз нақшаи марзбандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1924 пофишорӣ дорад, аммо ҷониби Қирғизистон дар ин замина ба нақшаи соли 1989 такя мекунад. Ба далели ин ихтилофи назарҳо раванди таъйини хутути марз тақрибан ба бунбаст расидааст.

Матолиби муртабит