Марзбонон ва вазъияти марзҳо: Оё метавонем осуда бихобем?

  • 28 Май, 2014
МарзбононImage copyrightBBC World Service
Image caption Теъдоди марзбонони Тоҷикистон 20 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст

Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон рӯзи 28 майи соли 1994, дар замони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар по ба арсаи ҳастӣ гузоштанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, "ин нерӯҳо дар ҷойи холӣ ва бе заминаи моддию техникӣ (фаннӣ) таъсис ёфтааст."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар суханронӣ ба муносибати дистумин солгарди таъсиси ин нерӯҳо гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, бавижа марзбонон, агарчи таъсиси онҳо "аз сифр шурӯъ" шуда, вале "аз ҳама обутобёфта дар минтақа" ҳастанд.

Феълан теъдоди нерӯҳои марзбонии ин кишвар 20 ҳазор нафар арзёбӣ шуда ва ба гуфтаи оқои Раҳмон, зербиноҳои нерӯҳои марзбонӣ ҳам ҷавобгӯйи меъёрҳои муъосир шудааст.

Аммо вазъи феълии марзбонони Тоҷикистон чи гуна аст ва оё онҳо имкони муроқибати комил аз марзҳои ин кишварро доранд? Ниёзҳои онҳо кадомҳоянд ва марзбонон имрӯз бо чи мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд?

Нерӯи инсонӣ ҳаст, таҷҳизот чи?

Ба гуфтаи масъулони Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, марзбонони тоҷик умдатан ба таҷҳизоти ҷангии муъосир ва васоили фаннӣ ниёз доранд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Президент Раҳмон дар зарфи 10 соли ахир сармоягузорӣ дар идораи нерӯҳои марзбонии ин кишвар 25 баробар афзоиш ёфтаст.

Аз ҷумла, женерол Сафаралӣ Назиров, муъовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитеи амнияти миллии Тоҷикистон, дар як ҳамоиш дар соли гузашта иброз дошт, ки марзбонони тоҷик бо таҷҳизоти фаннии лозимӣ ва васоили нақлия хуб таъмин нестанд ва аз ин лиҳоз, дар муроқибат аз марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир мушкилоти зиёде ба миён омадааст.

Зимнан, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар чорчӯби тарҳҳои вижа ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон барои таҳкими марзҳои ҷанубии ин кишвар, эҳдоси дидбонгоҳҳо ва таъмини таҷҳизоти муъосири фаннӣ кумак мекунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Усмон гуфт, мумкин аст, дар ҳолати лозимӣ барои ҳимоят аз марз аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои вазорати дифоъ истифода шавад

Масалан, ҷониби Омрико дар чорчӯби барномаи “Назорати воридот ва амнияти марз” аз соли 2002 то ба ҳол ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба миқдори зарурӣ васоили нақлияю мухобирот, юнифурм ё либоси низомӣ ирсол карда ва дар бозомӯзии афсарони нерӯҳои марзбонӣ кумак кардааст.

Ду сол қабл, сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар шаҳри Душанбе ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 22 адад худравҳои ҳарҷогарди навъҳои “Polaris Razor” ва “Ranger” эҳдо карда буд.

Ин худравҳои кӯчак бо чархҳои бузург, ки ду ҷойи нишаст доранд, дар гаштзании манотиқи душворгузари марзӣ дар постгоҳҳои Панҷ, Фархор ва Шӯрообод аз онҳо кор гирифта мешавад.

Дар соли 2006 низ Омрико ба марзбонони тоҷик 10 адад худравҳои ҳарҷогард эҳдо карда буд ва аз ин худравҳо ба ҳангоми гаштзанӣ дар манотиқи душворгузари посгоҳҳои марзии Панҷ, Шаҳритус ва Шӯроободи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон истифода шуда буд.

Иттиҳодияи Урупо ба навбаи худ барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 19 милюн юру тахсис дода буд, ки ин маболиғ барои тармиму бозсозии истеҳкомоти марзӣ ва таъмини таҷҳизот барои марзбонони тоҷик дар муқобала бо қочоқои маводди мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз марз масраф шуда буд.

Зимнан, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъии Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд эълом карда буд, ки дар таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ба ин кишвар кумакҳои фаннӣ ироа хоҳад кард. Аммо дар бораи мизон ва анвоъи ин кумакҳо ҳанӯз иттилоъе мунташир нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Маҳдии Собир, коршиноси масоили низомӣ, мегӯяд, дар ҳоле ки дар ҳамоишҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ваъдаи кумаки фаннӣ барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дода шуда буд, вале то ҳол кумакҳои чашмгире ба марзҳои ин кишвар фиристода нашудаанд.

Ба гуфтаи оқои Собир, бештари силоҳу таҷҳизоти ҷангии марзбонони тоҷик сохти Иттиҳоди Шӯравии пешин буда ва марзбонон дар муроқибат аз марз умдатан аз зиреҳпӯшҳои тавлиди даҳаи 1980 истифода мекунанд.

Ӯ гуфт, ки камбуди ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ дар муроқибат аз манотиқи кӯҳистонии марзҳои Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст.

Давлати Усмон, коршиноси мустақил, ба навбаи худ гуфт, ки дар сурати камбуди ҳавопаймоҳо ё чархболҳо тавассути насби як дурбини мудерн имкон дорад даҳҳо килуметри марз назорат шавад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, марзбонони тоҷик собит кардаанд, ки аз марзҳои худ метавонанд бахубӣ муроқибат кунанд

Оқои Усмон гуфт, мумкин аст, дар ҳолати лозимӣ барои ҳимоят аз марз аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон истифода шавад.

Ба эътиқоди ӯ, дар шароити феълӣ дар муроқибат аз марз на ба нерӯи зиёди инсонӣ, балки ба мутахассис ниёз вуҷуд дорад, ки тавассути таҷҳизоти мудерн марзро назорат карда ва дар сурати зарурӣ аз воҳидҳои вазорати дифоъ истифода кунанд.

Сарбозони бегона дар марз? На!

Дар зарфи се соли ахир бархе аз сиёсатмадорони рус ва масъулони ниҳодҳои зирабти Русия мавзӯъи имкони бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ҷанубии Тоҷикисторо матраҳ карда, ин амрро ба афзоиши мавориди қочоқи маводди мухаддир ва заъфи марзбонони тоҷик дар муқобала бо қочоқбарон марбут хондаанд.

Нерӯҳои марзбонии Русия аз замони истиқлоли Тоҷикистон то соли 2005 муроқибат аз марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба уҳда доштаанд. Дар тобистони соли 2005 нерӯҳои Русия аз марз комилан хориҷ шуданд ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик боқӣ монданд.

Аз ҷумла, Максим Пешков, як намояндаи Вазорати хориҷаи Русия, ки дар соли 2010 дар ҳамоиши байналмилалии "Тоҷикистон ва Русия" дар шаҳри Душанбе ширкат дошт, гуфта буд, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти Афғонистон ва хатароти терурисму ифротгароӣ дар минтақа Русия омода аст нерӯҳои худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад.

Баъдан ҳамчунин ибрози назарҳо аз ҷониби сарони ниҳодҳои марзбонӣ ва назорат бар маводди мухаддири Русия садо доданд. Аммо мақомоти Тоҷикистон имкони бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ин кишварро рад карда ва гуфта буданд, ки марзбонони тоҷик тавони муроқибат аз марзҳои кишварро доранд.

Аз ҷумла, женерол Шараф Файзуллоев, муъовини аввали Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва раиси Ситоди ин нерӯҳо гуфта буд, ки дар мулоқотҳои масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Русия мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон матраҳ нашудааст.

Ҳамзамон, женерол Файзуллоев таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ин кишвар алоқаманд набуда, балки ба кумакҳои бештари низомию фаннии Русия ба ин нерӯҳо ниёз дорад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар зарфи 20 сол зерсохтҳои ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст

Бештари коршиносони тоҷик ин гуна мавзеъгирии масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ҷавобгӯйи усули кишвари мустақил хонда ва гуфтанд, ки бегонагон наметавонанд аз марзу буми Тоҷикистон бахубӣ муроқибат кунанд.

Шокир Ҳакимов, коршиноси мустақил, гуфт: “Бозгашти марзбонони рус ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ин нишонаи маҳдуд шудани истиқлоли кишвар маҳсуб мешавад. Кам кишварҳое дар ҷаҳон ҳастанд, ки марзҳояшон аз ҷониби кишварҳои дигар ҳимоят мешавад.”

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, пас аз хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон дар соли 2005 марзбонони тоҷик собит кардаанд, ки аз марзҳои худ бахубӣ ҳимоят карда метавонанд.

Зимнан, як санади ҳамкорӣ, ки 2 сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе миёни ниҳодҳои марзбонии Русия ва Тоҷикистон дар гузашта ба имзо расид, барои ҳузури Гурӯҳи ҳамкории марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар 5 соли оянда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам карда буд.

Тибқи ин санад, Русия ба ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон дар муроқибат аз марз ва назорати марзӣ мусоъидат карда, ҳамчунин, дар мубориза бо терурисм, бунёдгароии мазҳабӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷароими фаромарзӣ бо ин кишвар ҳамкорӣ хоҳад кард.

Русия дар омӯзиш ва бозомӯзии кодрҳои ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон низ кумак хоҳад кард. Муддати ин мувофиқатнома панҷ сол буда ва бо ризояти тарафҳо ба муддатҳои баъдӣ тамдид хоҳад шуд.

Озору азияти тозасарбозон

Президент Раҳмон дар суханронии худ дар маросими таҷлил аз 20-умин солгарди таъсиси Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар рӯзи гузашта марзбононро “фарзанд” хонд, аммо ба мавориди фаровони лату кӯби навсарбозон дар воҳидҳои марзбонӣ, ки бар асари онҳо бархе аз сарбозон шадидан захмӣ ва ҳатто кушта шуданд, ишорае накард.

Каюмарси Ато, хабарнигори мустақил, ки масоили марзиро аз наздик пайгирӣ мекунад, гуфт, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз дастовардҳо суҳбат карда, мавзӯъи азияту озор дар ягонҳои низомиро матраҳ накардааст.

Ин дар ҳолест, ки танҳо дар соли ҷорӣ Акмал Давлатов, сарбози воҳиди низомии шумораи 2850, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, бар асари лату кӯби сарбозони меҳтар кушта шуда ва Шаҳбол Мирзоев, сарбози воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шадидан захмӣ шуд.

Дар ибтидо мақомоти нерӯҳои марзбонӣ иллати марги Акмал Давлатовро “дармондани нон дар гулӯи ӯ” хонданд, вале дар пайи бозрасии додситонии низомии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, собит шуда, ки ин сарбоз дар натиҷаи лату кӯб аз ҷониби гурӯҳбон Фаррух Давлатов ҷон бохтааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби сарбозони дигар лату кӯб шуда, бо ҷароҳоти сангин ва шикастани сутунмуҳра дар бемористон бистарӣ шуд

Ҳамакнун, додситонӣ алайҳи Фаррух Давлатов ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ҳодисаи дигар, рӯзи 8 марти соли ҷорӣ дар як ягони марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳумаи шаҳри Душанбе, сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз ҷониби сарбозони дигар лату кӯб шуда, бо ҷароҳати сангин ва шикастани сутунмуҳра дар бемористон бистарӣ шуд.

Додситонии низомии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва сарбоз Усмон Ғайратов ба унвони омили лату кӯб боздошт шудааст.

Бо вуҷуди ваъдаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, то ҳол ҳеч гуна маблағе барои мудовои сарбоз Шаҳбол Мирзоев тахсис нашудааст. Ба муроҷиъати Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури кумаки молӣ низ посухе дарёфт нашудааст.

Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, маҷбур шуд, ба хотири пайдо кардани ҳазинаи зарурӣ барои мудовои писараш манзили маскунии худ дар рустои Понғози ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистонро бифурӯшад.

Дар зарфи як моҳ Шаҳбол Мирзоев дар бемористони Душанбе мудово шуда, вале ба далели беҳбуд наёфтан ба бемористони шаҳри Маскави Русия мунтақил ва ҷарроҳӣ шуд. Феълан вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Ба эътиқоди коршиносон, азияту озори навсарбозон дар ягонҳои (част) низомӣ ва кӯтоҳиҳо дар таъмини ҳуқуқи онҳо бештари ҷавононро водор кардааст, ки бо роҳҳои мухталиф аз хидмат дар артиши Тоҷикистон сарпечӣ карда ва ба кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Русия паноҳ баранд.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, 500 то 700 сарбози фирории тоҷик ҳоло дар Русия мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Ба далели адами дилбастагии ҷавонон ба хидмати низомӣ, сарбозгирӣ барои артиши Тоҷикистон маъмулан аз роҳҳои ғайримуҷоз ва иҷборӣ, ки бештар бо номи “облава” маъруф аст, сурат мегирад.

Матолиби муртабит