Ҳаракати бидуни иҷозаи утумубилҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

  • 27 Июн, 2014
Марзи ҚирғизистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Порлумони Қирғизистон ҳаракати бидуни иҷозаи утумубилҳо ба Тоҷикистонро тасвиб кардааст

Порлумони Қирғизистон мувофиқатнома бо Тоҷикистон дар мавриди ҳаракати бидуни иҷозаи вижаи утумубилҳоро тасвиб кардааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “24kg”-и Қирғизистон, ин санад, ки рӯзи 27 майи соли гузашта дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд, роҳро барои интиқоли озоди колоҳо, убуру мурури атбоъи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳаракати тронзитӣ аз тариқи ин ду кишвар боз хоҳад кард.

Хабаргузорӣ аз қавли Каликбек Султонов, вазири нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон навиштааст, ин мувофиқатнома шароити мусоъидро барои иртибототи заминӣ ё утумубилии ин кишвар бо Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва мамолики Ховари Миёна фароҳам хоҳад кард.

Зимнан, дар пайи даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 марзбони қирғизу 2 марзбони тоҷик захмӣ шуда ва равобити миёни ин ду кишвар ба сардӣ гароид.

Ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи муқаррароти марзӣ ва ҳамла ба марзбонон муттаҳам карда ва Қирғизистон ба таври якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистон баст.

Ба дунболи ин тасмим иртиботи утумубилӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон қатъ шуда ва дар роҳи ҳамлу нақли коло ва омаду рафти сокинони ин ду кишвар мушкили ҷиддӣ пеш омад.

Бино ба иттилоъи Идораи гумруки Тоҷикистон, роҳҳои иртиботӣ аз тариқи Қирғизистон ба Чин, Русия, Қазоқистон ва кишварҳои Урупо барои Тоҷикистон муҳим буда ва дар соли гузашта беш аз 15 дарсади колоҳои Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистон содир ва ворид шудаанд.

Дар пайи музокироти тӯлонии ҳайъатҳои давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъият дар марзи муштараки ин ду кишвар ба эътидол омада ва роҳҳои иртиботӣ боз шуданд.

Матолиби муртабит