Сангинов: 'Музокирот бо қирғизҳо вориди бунбаст нашудааст'
Image copyrightBBC World ServiceГурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масоили марбут ба бунёди роҳҳои иртиботӣ дар манотиқи марзӣ ба тавофуқ нарасидаанд.
Ҷумъабой Сангинов, муъовини аввали устондори Суғд ва узви ҳайъати музокироти Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 8 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки музокироти ҷонибҳо вориди бунбаст нашуда ва дар оянда идома хоҳад ёфт.
Оқои Сангинов адами тавофуқ дар музокироти феълиро дар раванди баррасии масоили мавриди баҳси тарафҳо як амри муқаррарӣ арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар музокироти оянда, ки ҳанӯз таърих ва маҳалли баргузории он мушаххас нашудааст, масоили таъйини хутути марз ва бунёди роҳҳою зербиноҳои дигар дар манотиқи марзии муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон матраҳ хоҳад шуд.
Зимнан, дар музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки рӯзи душанбеи 7 июл дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, анҷом шуд, масоили мушаххас кардани гузариши роҳ ва мувофиқатномаи истифода аз роҳҳо баррасӣ шуд.
Дар авохири ҳафтаи гузашта ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек дар мавриди бунёди роҳҳои утумубилрав ва ду пули иртиботӣ дар манотиқи мавриди баҳс дар Исфара ва Бодканд ба тавофуқ расида буданд.
Интизор мерафт, ки рӯзи 7 июли соли ҷорӣ гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Қайроққум, дар шимоли Тоҷикистон, тарҳи мувофиқатномаи байнидавлатӣ дар масоили бунёди роҳҳои иртиботӣ миёни ин ду кишварро таҳия кунанд.
Бар асоси ин санад, ҷониби Қирғизистон роҳи утумубилрави масири Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш ва ду пули иртиботӣ миёни рустоҳои Кулунду ва Маскати ин кишварро бунёд карда ва Тоҷикистон роҳи иртиботӣ миёни шаҳри Исфара ва рустои Ворухи Тоҷикистонро бунёд хоҳад кард.
Дар сурати имзои ин санад нақшаи роҳҳои иртиботӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон мушаххас шуда ва рӯзи 10 июли соли ҷорӣ бунёди ин роҳҳо мебоист шурӯъ шавад.
Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Қирғизистон роҳи утумубилӣ дар масири Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар моҳи апрели соли гузашта шурӯъ шуда ва ин амр ба ташаннуҷи авзоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон мунҷар шудааст.
Имтидоди ин роҳ 7,1 килуметр буда, дар он ҷо 7 мошинолоти роҳсозӣ фаъъолият мекунанд. Ҳазинаи ин роҳ 41,8 милюн соми Қирғизистон ё ҳудуди 8 милюн дулор арзёбӣ мешавад.
Коршиносон мушаххас набудани хутути марзӣ ва вуҷуди манотиқи мавриди баҳсро аз илали аслии бурузи мухолифатҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хондаанд. Дар зарфи 20 соли истиқлол мақомоти ин ду кишвар натавонистаанд дар заминаи таъйини хутути марз ба мувофиқа бирасанд.
Имтидоди марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 килуметр буда ва аз ин ҷумла танҳо 504 килуметри хатти марз таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон зимни мушаххас сохтани марзи муштарак ба истифода аз нақшаи марзбандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1924 пофишорӣ дорад.
Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин замина ба нақшаи соли 1989 авлаият қоил аст. Ба далели ин гуна ихтилофи назарҳо, коршиносон мегӯянд, ки раванди таъйини хутути марз тақрибан вориди бунбаст шудааст.
