'Роҳ ба Исфара баста ва рустои Ворух дар муҳосира аст'

  • 11 Июл, 2014
Марз
Image caption Марзбонони қирғиз роҳи иртиботии масири Исфара-Ворухро масдуд кардаанд

Идораи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе вазъият дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистонро муташанниҷ арзёбӣ кардааст.

Дар ин баёния, ки субҳи ҷумъаи 11 июл мунташир шуд, омадааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳушдор додааст, дар сурати набастани посгоҳи марзии “Тамдиқ” ва берун нарафтани марзбонони қирғиз ҳудуди 30 сокини Тоҷикистон ба ин посгоҳ ҳамла хоҳанд кард.

Аммо сарҳанг Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, раиси Идораи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, ин тақозоро рад карда ва гуфтааст, ки ба ҳангоми "убури ғайриқоннунии" сокинони Тоҷикистон аз марз, алайҳи онҳо тадобири ҷиддӣ иттихоз хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони рустои Ворухи шаҳри Исфара гуфтанд, ки ҷониби Қирғизистон роҳи иртиботии ин русторо бо шаҳри Исфара бастаанд ва ин амр метавонад ба бурузи хушунат дар манотиқи марзӣ мунҷар шавад.

Абдуфайз Болтақулов, як сокини рустои Ворух, субҳи ҷумъаи 11 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки феълан вазъият дар манотиқи марзӣ бо Қирғизистон ором буда ва дар сурати боз нашудани роҳи иртиботӣ бо шаҳри Исфара мумкин аст сокинон даст ба тазоҳуроти эътирозӣ зананд.

Ба гуфтаи оқои Болтақулов, ҳоло рустои Ворух дар муҳосира қарор дошта ва убуру мурур ба манотиқи дигар комилан қатъ шудааст.

Лоиқ Маҳкамов, раиси рустои Ворух, гуфт, ки субҳи имрӯз гурӯҳе аз сокинони русто гирдиҳам омада, хостори боз кардани роҳи иртиботӣ ба шаҳри Исфара ва берун бурдани посгоҳи марзбонони қирғиз дар ҳумаи ин русто шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Маҳкамов, ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон аз сокинони рустои Ворух даъват кардаанд, ки аз аъмоли хушунатбор худдорӣ карда ва барои ҳайъати Тоҷикистон имкон диҳанд, то ин мушкилро аз роҳи музокирот ҳал кунад.

Бино ба иттилоъи идораҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон, феълан дар марзи ин ду кишвар оташбас эълом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Аскар Бешимов, муъовини вазири хориҷаи Қирғизистон, субҳи ҷумъаи 11 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек ёддошти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди мухолифат дар марзро “як амали шитобзада” хондааст.

Бино ба гузориши хабаргузории “24.kg”, оқои Бешимов гуфтааст: “Ҷониби Тоҷикистон билофосила пас аз вуқӯъи ҳодиса дар манотиқи марзӣ ва арзёбии ҷиддии мухолифат чунин ёддоште ирсол кардааст. Ин амал боъиси таассуф аст.”

Вазорати хориҷаи Қирғизистон, дар ҳодисаи рӯзи гузашта марзбонони тоҷикро муқассир хонда ва ин амалро “талоше барои ба ҳам задани тавофуқоти бадастомада” хондааст.

Шоми гузашта Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли ёддоште ба мақомоти Қирғизистон хостори тавзеҳ дар мавриди ҳаводиси дирӯз дар ҳаволии ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфара шуда буд.

Он гуна, ки аз иттилоъияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бармеояд, ин вазорат тирандозӣ аз сӯйи марзбонони қирғизро, ки мунҷар ба кушта шудани як табаъаи тоҷик ва захмӣ шудани ҳашт тани дигар шуд, басароҳат маҳкум накарда, вале дар мавриди он ибрози таассуф кардааст.

Зимнан, зуҳри панҷшанбеи 10 июл марзбонони қирғиз ба сӯйи сокинони рустои Ворух, ки машғули насби лӯлаҳои об буданд, аз силоҳи гарм гулӯла шиллик карданд, ки бар асари он як нафар кушта ва ҳашт нафари дагар захмӣ шуданд.

Баъдан, ки ду марзбони тоҷик ба кумаки сокинони Ворух омада буданд, тавассути марзбонони қирғиз захмӣ шудаанд. Дар мавриди талафоти ҷониби Қирғизистон дар ин ҳодиса иттилоъе дар даст нест.

Интизор меравад, имрӯз Муродалии Алимардон ва Абдураҳмон Маматалаиев, муъовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, дидор ва масоили мавриди баҳсро баррасӣ кунанд.

Матолиби муртабит