Душанбе аз Бишкек барои тирандозӣ ба ғайринизомиён тавзеҳ хост

  • 10 Июл, 2014
ИсфараImage copyrightBBC World Service
Image caption Феълан Муродалӣ Алимардонов ва Абдураҳмон Маматалиев дар ҷои ҳодиса машғули таҳқиқот ҳастанд

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба ирсоли ёддоште ба мақомоти Қирғизистон хостори тавзеҳ дар мавриди ҳаводиси имрӯз дар ҳаволии ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфара шудааст.

Ҳамчунин, масъулони ин вазорат аз амалкарди нерӯҳои марзбонии Қирғизистон дар минтақаи марзии ин ноҳия, ки мунҷар ба кушта шудани як сокини Исфара шуд, изҳори таассуф кардаанд.

Дар хабарномае, ки шоми рӯзи панҷшанбеи 10 июл Вазорати хориҷаи Тоҷикистон интишор дод, омада, ки ҷониби Қирғизистон тавофуқот дар бораи манотиқи мавриди баҳс дар марзи ду кишварро нақз кардааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин тавзеҳоте дар бораи тирандозии маргбори марзбонони қирғиз дар ноҳияи Исфара ироа дода ва навиштааст, ки ин ҳодиса замоне рух дод, ки соъати 11:30 ба вақти маҳаллӣ иддае аз сокинони ҷамоъати Ворух машғули насби лӯлаҳои об буданд.

Аммо марзбонони Қирғизистон, ки аз марзи муштараки ду кишвар дар мавзеъи Тамдиқ муроқибат мекарданд, "бо суханони қабеҳ" аз атбоъи тоҷик "тақозоҳои ғайриқонунӣ" кардаанд, ки кори худро мутаваққиф кунанд.

Замоне, ки марзбонони тоҷик барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ҳамтоёни қирғизи худ талош карданд, марзбонони қирғиз бо истифода аз аслиҳаи гарм ба сӯйи атбоъи тоҷик гулӯла шиллик кардаанд, ки дар натиҷа як нафар аз сокинон кушта ва ҳашт нафари дигар, аз ҷумла як марзбон, ҷароҳат бардоштаанд.

Он гуна, ки аз иттилоъияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бармеояд, ин вазорат тирандозӣ аз сӯйи марзбонони қирғизро, ки мунҷар ба кушта шудани як табаъаи тоҷик ва захмӣ шудани ҳашт тани дигар шуд, басароҳат маҳкум накарда, вале дар мавриди он ибрози таассуф кардааст.

Дар баёнияи вазорати хориҷа дар ин бора омада: "Бояд зикр кард, ки марзбонони тоҷик ҳеч гулӯлае шиллик накардаанд. Дар иртибот бо ин ҳодиса, ки сарфи назар аз тавофуқоти мутаъаддид дар бораи манотиқи мавриди баҳс ба вуқӯъ пайваст, ҷониби Тоҷикистон аз нақзи тавофуқоти дуҷониба аз сӯйи ниҳодҳои ҷудогонаи қирғизистон ибрози таассуф мекунад."

Дар иртибот бо ҳодисаи имрӯз, ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон "ёддошти расмӣ" фиристода ва хостори тавзеҳ дар бораи тирандозии марзбонони қирғиз ба сӯйи ғайринизомиён дар марзи ду кишвар шудааст.

Пештар манобеъи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфта буданд, ки рӯзи панҷшанбе нерӯҳои вижаи қирғиз бо тирандозӣ ба сӯи сокинони рустои Ворухи Тоҷикистон дар мавзеъи Бедак як сокини ноҳияи Исфараро кушта ва ҳашт нафари дигарро захмӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Идораи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, низ баёнияе интишор дода ва дар он марзбонони Тоҷикистон дар ин минтақаро ба ноором сохтани вазъият дар марзи мууштарак муттаҳам кардааст.

Дар ин баёния омадааст, ки марзбонони тоҷик ба сӯйи марзбонони қирғизи мустақар дар минтақаи марзии мавсум ба “Тандим” аз норинҷакандоз ва хумпораандоз шиллик кардаанд ва ба ин тартиб тамоми қавонини байналмилалиро нақз кардаанд.

Ҳамчунин, марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз танишҳои баъдӣ онҳо ҳаракати васоили нақлия дар роҳи Оқсой-Тамдиқро масдуд кардаанд.

Аммо сокинони рустои Ворух, ки яке аз бузургтарин рустоҳо дар ноҳияи Исфара аст, мегӯянд, ки масдуд кардани роҳ аз сӯи марзбонони қирғиз мунҷар ба ин шуда, ки сокинон натавонанд бамавқеъ захмиёнро ба бемористон интиқол бидиҳанд.

Феълан Муродалии Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон ва Абдураҳмон Маматалиев, муъовини нахуствазири Қирғизистон, дар ҷои ҳодиса машғули таҳқиқот ҳастанд.

Матолиби муртабит