Боздошти шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Қирғизистон ба занни шикори ғайримуҷоз

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон аз боздошти чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави кишварашон хабар додаанд.
Тавре, ки дар иттилоъияи дафтари матбӯъотии ин нерӯҳо омадааст, ин шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар қаламрави вилояти Ботканди он кишвар машғули шикори ғайримуҷоз будаанд.
Дар ин иттилоъия, ки рӯзи сешанбеи 3 июн пахш шудааст, гуфта мешавад, ки ин афродро марзбонони қирғиз, рӯзи душанбеи 2 июн боздошт кардаанд.
Ҳамчунин марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки ин чаҳор нафар аз сокинони Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон ғайриқонунӣ ворид шуда ва аз онҳо як милтиқ ва гулӯлаҳо мусодира шудааст.
Ҳуввияти ин афрод мушаххас нашудааст ва марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки онҳо дар даст ҳеҷ гуна мадорикро низ надоштаанд.
Ин афрод дар мавзеъи масум ба Оқ-Тоши воқеъ дар ноҳияи марзии вилояти Ботканд боздошт шуда ва дар ҳоли ҳозир дар яке аз боздоштгоҳҳои пулиси ноҳияи Боткан ба сар мебаранд.
Масъулони нерӯҳои марзбонони Тоҷикистон аз додани шарҳ дар мавриди боздошти сокинони Тоҷикистон дар Қирғизистон худдорӣ кардаанд.
Аммо гуфта мешавад, ки баъд аз ҳодисаи даргирӣ дар моҳи январи соли равон дар мантақаи марзии Хоҷа-Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, марзбонони Қирғизистон муроқибат аз ин қисмати марзро тақвият додаанд.
Даргирӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон, рӯзи 11 январи соли ҷорӣ рух дод ва бар асари он чандин марзбон аз ду ҷониб захмӣ шудаанд.
Дар ду даҳаи ахир дар ноҳияи марзии Исфараи вилояти Суғд низоъҳои зиёде бар сари истифода аз манобеъи об, замин ва роҳҳои иртиботӣ рух додаанд ва коршиносон мушкили аслиро муъайян нашудани хутути марзӣ дар ин навоҳии марзии ду кишвар хондаанд.
Ба ин нукта ахиран Ғуломҷон Анорбоев, муъовини раиси Идораи давлатии назорат бар маводди мухаддири Қирғизистон, ки дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе ширкат кард, таъкид кард.
Оқои Анорбоев ба Би-би-сӣ гуфт, ки яке аз мушкилот дар роҳи ҷилавгирӣ аз интиқоли ин мавод ба Қирғизистон номуъайян будани хутути марзи муштарак дар бисёре аз манотиқи марзӣ миёни ин ду кишвар будааст.
