Фаъъолияти маъмулии гузаргоҳҳои марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ки гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон дар ҳоли маъмулӣ фаъъолият мекунанд.
Дафтари матбӯъотии ин нерӯҳо гуфтааст, ки марзбонони қирғиз муроқибат аз марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистонро дар ҳолати тақвияти амниятӣ идома медиҳанд.
Дар иттилоъияи ин ин дафтар, ки рӯзи душанбеи 14 июл пахш шудааст, ҳамчунин омадааст, ки вазъ дар ин марз нисбатан ором будааст.
Дар хабар омадааст, ки рӯзе қабл марзбонони қирғизу тоҷик бо шумули кормандони интизомии вилояти Ботканди он кишвар ва вилояти Суғди Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар мулоқоте созмондиҳии ҳамкориҳои муштарак дар заминаи ҳифозати сулҳ ва субот дар минтақаро баррасӣ кардаанд.
Дар ин нишаст ҳамчунин иwдомот барои ҷилавгирӣ аз истифода аз силоҳ дар оянда барои ҳалли ҳаргуна ихтилофот аз сӯйи ҷонибҳо матраҳ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон бо сарҳанг Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, раиси Идораи нерӯҳои марзбонии он кишвар низ масъалаи вазъи марзи муштараки кишвараш бо Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Дар сойти расмии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон зимни пахши хабар дар ин маврид омада, ки Президент Отамбаев, раиси идораро муваззаф кардааст, ки иқдомоти зарурӣ барои таъмини субот дар ин марзро ба харҷ диҳад.
Ҳамчунин раиси ҷумҳурии Қирғизистон чанде дастур барои тақвияти ҳифозат дар марзро ба раҳбари ин ниҳод додааст.
Авзоъи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дунболи шилики гулӯла ба сӯйи сокинони тоҷик ва кушта шудани як нафар аз сокинони ҷамоъати Ворух муташаниҷ шуда буд.
Ин воқеъа, ки субҳи рӯзи 10 июл рух дода буд, ҳамчeнин 8 нафар аз сокинони мулкӣ ва ду нафар аз марзбонони тоҷикро захмӣ кард.
Дар пайи ин ҳодиса масъулони Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ёддоштеро ба мақомоти Қирғизистон ирсол карда ва дар он хостори тавзеҳ дар мавриди ин ҳодиса дар ноҳияи Исфара шудаанд.
Аз сӯйи дигар ба гуфтаи сокинони ҷамоъати Ворух роҳи иртиботӣ бо шаҳри Исфара, ки ҳафтаи гузашта масдуд шуда буд, фаъъол буда ва вазъ дар Ворух низ нисбатан ором будааст.
