Шикояти тозаи Зойиров ба Раҳмон аз раиси Ожонси зиддифасод
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбари сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон дар номае ба Президент Раҳмон аз фаъъолияти Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар, шикоят кардааст.
Раҳматилло Зойиров изҳор дошта, ки раиси Ожонси мубориза бо фасод ба қонуншиканӣ роҳ дода ва муваккили ӯро қабл аз баргузории додгоҳ муҷрим эълом кардааст.
Оқои Зойиров рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин нома то ҷое такрори номаи вай унвонии Эмомалӣ Раҳмон аз 30-уми июл мебошад.
Вай гуфт: "Тӯли 20 рӯз ман аз риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ вокунише ба он нома дарёфт накардам. Ба ин далел номаи такрорие бо изофаҳо ирсол кардам."
"Дирӯз номаро ба дафтари риёсати ҷумҳурӣ супурдам. Вале касе дар мавриди қабули он ба мо ҳатто имзое накарданд. Нусхаи номаро ба Додистонии кул супурдам ва дар он ҷо имзо карданд."
Ба гуфтаи оқои Зойиров, дар ин нома аз суханронии Абдуфаттоҳи Ғоиб дар як нишасти хабарӣ интиқод ва иддаъо шудааст, ки вай аз Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони боздоштшуда ва муваккили оқои Зойиров, ба унвони муҷрим ном бурда ва ба ин тартиб, асли бароатро зери по гузоштааст.
Шуҳрат Қудратов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ва аз вакилони мудофеъи саршинос, як моҳ қабл ба иттиҳоми додани ришва боздошт шуд.
Абдуфаттоҳи Ғоиб моҳи гузашта дар як нишасти хабарӣ иддиъо кард, ки даст доштани Шуҳрат Қудратов дар ин ҷурм собит шудааст ва ӯ барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки бар мабнои Қонуни асосии Тоҷикистон, то замоне ки додгоҳ пас аз расидагии одилона ҳукме дар мавриди муттаҳамон ё боздоштшудагон содир накунад, касе ҳақ надорад аз ин гуна афрод ба унвони муҷрим ё "ҷинояткор" ном барад ва гӯяд, ки "ҷурми ӯ собит шудааст."
Дар номаи Раҳматилло Зойиров ба оқои Раҳмон омадааст: "Риъояти бечунучарои Қонуни асосӣ ва қонунҳо, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳомии онҳо таъмин намоед. Ба саволҳои гузошташуда мехостам посухи равшан; ба гуфтор, рафтор ва амали раиси Ожонс баҳои ҳуқуқӣ дода шавад."
Аз сӯйи дигар, оқои Зойиров хабар дод, ки рӯзи панҷшанбе аз замони боздошти Шуҳрат Қудратов як моҳ сипарӣ мешавад ва дар ин робита оқои Зойиров баёнияҳое мунташир хоҳад кард.
Шуҳрат Қудратов то замони боздошт аз ҳуқуқи Зайд Саидов, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистон нав” ва тоҷири зиндонӣ, дифоъ мекард. Дар тӯли фаъъолияти худ оқои Қудратов пайваста аз аҳкоми додгоҳҳои Тоҷикистон шадидан интиқод мекард.
