Боздошти Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи Зайд Саидов
Image copyrightBBC World ServiceШуҳрат Қудратов, яке аз се нафар аз вакилони Зайд Саидов, тоҷир ва сиёсатмадори зиндонӣ аз сӯйи кормандони интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.
Ба гуфтаи як манбаъ, аз ҷумла афроди наздик ба оқои Қудратов, чанд нафар аз афроде, ки худро кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон муъаррифӣ кардаанд, субҳи рӯзи душанбеи 21 июл, оқои Қудратовро аз бинои "Соҳибкорон", макони фаъъолияти ӯ гирифта бо худ бурдаанд.
Масъулони ин ожонсӣ бо баҳонаи ҷаласаи моҳиёнаи ин ниҳод аз таъйид ё такзиби боздошти ин вакили мудофеъ худдорӣ кардаанд.
Аммо тавре, ки хабаргузории "Asia Plus" менависад, масъулони ожонсӣ оқои Қудратовро тибқи моддаи 320 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне додани ришва муттаҳам кардаанд.
Ҳарчанд баъид ба назар мерасад, ки ин ҳуқуқдон бо ошноӣ бо қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон ва муҷозот барои ришвахорӣ ба ин кор даст зада бошад.
Панҷ рӯзи қабл оқои Қудратов дар номае ба кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар хостори таваҷҷуҳ ба сарнивишти Зайд Саидов ва мусоъидат ба таъмини ҳуқуқи ӯ шуда буд.
Оқои Қудратов гуфт, ки ба далели он ки талошҳо барои ҳалли мунсифонаи қазияи Зайд Саидов дар дохили Тоҷикистон натиҷа надод, вакили мудофеъ маҷбур шудааст, ки аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар дар ин замина дархости кумак кунад.
Коршиносон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд ин амали ӯ боис шуд, ки кормандони ин ожонсӣ, ки дар боздошти оқои Саидов низ саҳим буданд, ӯро боздошт карда бошанд.
Шуҳрат Қудратов, дуввумин вакили мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва сиёстмадори тозаиқдоми Тоҷикистон аст, ки аз сӯйи ин ниҳод боздошт мешавад.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Фахриддин Зокиров, яке аз дигар вакилони мудофеъи оқои Саидовро ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карда буд.Ҳоло оқои Зокиров дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад.
Дар зимистони соли ҷорӣ вукалои мудофеъи Зайд Саидов, гуфта буданд, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистонро барои "таҳқир ва туҳмат" ба додгоҳ хоҳанд кашид.
Ҳамчунин он замон онҳо гуфта буданд, ки аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дархост хоҳанд кард, то барои таъмини амнияти онҳо иқдом кунанд ва онҳо гуфтаанд, ки "ҳамлаи ҷадиди раиси ожонс" ба онҳо яке дигар аз талошҳои гумроҳ кардани афкори умумӣ дар ҷомеъа будааст.
Вакилони мудофеъи оқои Саидов мегӯянд, ки таъқибу фишор бар онҳо баъд аз дифоъ аз мавқеъи Зайд Саидов дар замони боздошт ва баррасии парвандаи ӯ дар додгоҳ оғоз шудааст.
Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва аз мубтакирони таъсиси ҳизбе бо номи "Тоҷикистони нав" дар моҳи майи соли 2013 боздошт шуд ва авохири соли гузашта Додгоҳи олӣ ӯро барои 26 солмаҳкум ба зиндон (ба иловаи мусодираи амвол) кард.
Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор парванда дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, кулоҳбардорӣ ё қаллобӣ, ришваситонӣ ва маҳрум кардани худсаронаи инсон аз озодӣ мурҷим шинохт.
Оқои Саидов гуфтааст худро бегуноҳ медонад.
Аммо таҳлилгарон боздошт ва зиндонӣ шудани оқои Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.
