Додгоҳи иқтисодии Душанбе хусусисозии корхонаи "Гулистон"-ро ғайриқонунӣ эълом кард
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дархости масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар мавриди ғайриқонунӣ эълом кардани хусусисозии корхонаи мавсум ба “Гулистон” дар ин шаҳрро ба суди ин ожонс ҳал кард.
Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, хабар дод.
Гуфта мешавад 95 дарсад аз саҳомии ин корхона ба Дмитрий Фиртош, сармоядори укройнӣ, ва панҷ дарсад аз он ба яке аз фарзандони Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, мутаъаллиқ буд.
Аз сӯйи дигар, 75 дар сад аз саҳоми ширкати "Тоҷиказот", яке аз корхонаҳои дигари санъатӣ дар Тоҷикистон, низ ба ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитед”, ки оқои Фиртош раиси он аст, таъаллуқ дорад.
Дмитрий Фиртош, сармоядори укройнӣ ва раиси ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитед”, рӯзи 12 март аз сӯйи пулис дар Утриш бо дархости ҷониби Укройн боздошт шуд. Гуфта мешавад, ки оқои Фиртош ба ришвадиҳӣ муттаҳам шудааст.
Корхонаи “Гулистон”, ки дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст, соли 2002 хусусисозӣ шуда буд ва масъулони Ожонси зидди фасод хусусизозии онро ғайриқонунӣ хондаанд.
Ба гуфтаи онҳо, дар он замон Зайд Саидов симати вазири саноеъи Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва бо сӯиистифода аз мақомаш корхонаро ба таври ғайриқонунӣ хусусӣ кардааст.
Тибқи ҳукми додгоҳ, ин корхона ба моликияти Вазорати саноеъи Тоҷикистон хоҳад даромад.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳукм дар мавриди корхонаи “Гулистон”-ро дирӯз содир кардааст. Аммо рӯзи панҷшанбеи 3 апрел ин додгоҳ бо эъломи ҳукм дар мавриди мусодираи ширкати “Электроник М” шашумин корхонаи марбут ба Зайд Саидов ва пайвандони ӯро дар як моҳи ахир ба суди давлат мусодира кард.
Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, ва пайвандонаш мегӯянд, ки аз аҳкоми додгоҳи иқтисодӣ дар мавриди мусодираи амволи оқои Саидов ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.
Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеъаи оқои Сидов, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин додгоҳ дар як моҳи ахир машғули эъломи ҳукм дар мавриди мусодираи амволи оқои Саидов ва пайвандони ӯ будааст.
Вай мегӯяд: "Дар авоили моҳи март ин додгоҳ бидуни ширкати намояндагони Зайд Саидов ҳукми мусодираи ширкати “Модная точка”-и ӯро содир кард, ки ин амал ғайриқонунӣ аст."
Ӯ меафзояд, ки имрӯз ин додгоҳ мадорики хусусисозии ин корхонаро ботил кард ва онро ба давлат бозгардонд. Қозӣ ин ҳукмро бар асоси даъвои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки иддаъо дорад дар замони хусусисозии корхона тахаллуфоте сурат гирифта содир кардааст.
Аммо оқои Табаров мегӯяд тамоми амволе, ки дар ихтиёри оқои Саидов ва пайвандонаш қарор доранд, ба таври қонунӣ харидорӣ шудаанд. Яке аз пайвандони оқои Саидов мегӯяд, ки ин корхонаро нахуст як тоҷири эронӣ харида ва сипас ба оқои Саидов фурӯхтааст.
Зайд Саидов, вазири қаблии саноеъи Тоҷикистон ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи “Тоҷикистони нав” дар авохири моҳи декабри соли 2013 аз сӯйи Додгоҳи олии ин кишвар барои 26 сол маҳкум ба зиндон шуд.
Додгоҳ оқои Саидовро аз ҷумла бар асоси моддаҳои 138, 131, 247, 219, ва 170 дар тавоҷузи ҷинсӣ, маҳрум кардани шахс аз озодӣ, тақаллуб, ришваситонӣ ва чандҳамсарӣ муҷрим шинохт ва ӯро ба изофи зиндон ҳамчунин ба мусодираи амвол ва дороиҳояш маҳкум кард.
Вукалои мудофеъи оқои Саидов аз ин ҳукми додгоҳ ба догоҳи истинофӣ шикоят бурданд, аммо то ҳол маълум нест, ки ин шикоят дар додгоҳ баррасӣ шудааст ё хайр?
