'Дмитрий Фиртош дар Тоҷикистон низ ба фасод муттаҳам аст'

  • 14 Март, 2014
Фиртош Image copyrightRIA Novosti
Image caption Дмитрий Фиртош ду рӯз қабл дар Утриш боздошт шуд

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки Дмитрий Фиртош, тоҷири укройнӣ, ба дарёфти ғайриқонунии саҳоми корхонаҳои “Тоҷикабрешим” ва “Гулистон” дар ин кишвар муттаҳам аст.

Тавре ки Абдукарим Зарипов, раҳбари идораи назорат бар будҷе ва сандуқи ин ожонс мегӯяд, оқои Фиртош ҳамчунин ба сарфи ғайриқонунии сармояи ширкати “Тоҷиказот” муттаҳам шудааст.

Оқои Зарипов рӯзи ҷумъаи 14 март ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон машғули баррасии қонунӣ будани раванди таъсиси корхонаи муштараки “Тоҷиказот” аст. Аммо масъулони ин додгоҳ ин хабарро рад карданд.

Оқои Зарипов афзуд: "20 дар сади саҳоми ширкати "Тоҷиказот" ба давлати Тоҷикистон таъаллуқ дошт ва 75 дар сади саҳоми онро ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитед”, ки оқои Фиртош раиси он аст, дарёфт карда буд. Дар соли 2004 оқои Фиртош ба ин ширкат беш аз 8 милюн сомонӣ ворид кард. Аммо бо ин сармоя ба таври ғайриқонунӣ саҳоми ширкати “Тоҷикабрешим”-ро харидорӣ кард, ки муғойир бо қонуни Тоҷикистон аст."

Оқои Зарипов гуфт, ки аз фаъъолиятҳои ғайриқонунии ин сармоядори укройнӣ беш аз 9 милюн сомонӣ, ки муъодили ҳудуди ду милюн дулор аст, хисорат ба будҷеи Тоҷикистон ворид шудааст. Ҳамчунин, аз беш аз 5 милюн сомонии ин ширкат, ки беш аз як милюн дулор аст, барои аҳдофи дигар истифода шудааст.

Ожонси мубориза бо фасод мегӯяд, ки таҳқиқот ҳамчунин мушаххас карда, ки таҷҳизоти фаннии корхона бидуни дарёфти иҷоза аз давлати Тоҷикистон ба маблағи беш аз як милюн дулор фурӯхта шудааст.

Муъомилоти ба гуфтаи масъулони ин ожонс ғайриқонунӣ барои харидории саҳоми ин ширкатҳо дар даврони визорати Зайд Саидов, вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон, сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкати “Тоҷиказот” дар суҳбат бо хабаргузории “Asia Plus” гуфтаанд, ки оқои Фиртош таъаҳҳудоти молии худро ба ин ширкат комилан иҷро мекунад.

Ширкати муштараки “Тоҷиказот” дар моҳи декабри соли 2001 дар шаҳрчаи Сарбанди вилояти Хатлон миёни ширкати қибрисии “Хайрин Ҳолдинг Лимитед” ва давлати Тоҷикистон таъсис ёфт.

Фаъъолияти аслии ин ширкат аз тавлиди куди (нурии) шимиёӣ барои арсаи кишоварзӣ иборат аст. Корхонаи “Тоҷиказот” дар авоили солҳои 1960 дар Тоҷикистон сохта шудааст.

Дмитрий Фиртош, сармоядори укройнӣ ва раиси ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитед”, рӯзи 12 март аз сӯйи пулис дар Утриш боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки пулиси Утриш оқои Фиртошро бо дархости кормандони интизомии Укройн боздошт кардааст.

Матолиби муртабит