Вукалои Зайд Саидов аз 'таҳдидҳои телефунӣ' хабар доданд
Image copyrightBBC World ServiceСе вакили мудофеъи Зайд Саидов, вазири пешини саноеъ ва тоҷири саршиноси зиндонӣ, аз фишору таҳдидҳои телефунӣ алайҳи худ аз сӯйи афроди номаълум хабар додаанд.
Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров бо судури як баёния мақомҳои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро, ки парвандаи оқои Саидовро таҳқиқ мекунад, ба фишору таъқиби худ, аз ҷумла шунуди ғайриқонунии муколимоти телефунияшон муттаҳам кардаанд.
Дар баёнияи онҳо, ки рӯзи сешанбеи 25 феврал мунташир шуд, омадааст: "Тайи чанд вақт аст, ки мо вакилони дифоъи Саидов Зайд Шерович мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи (фасоди) Тоҷикистон, бахусус директори (раиси) он Абдуфаттоҳи Ғоиб, қарор дорем."
Дар идома онҳо шахсан раиси ин ожонсро ба "паст задани шаъну шарафи мо, обурую эътибори кориамон" дар нишасти матбӯъотии ахири ин ожонс ва гуфтани "суханҳои носазо" нисбат ба шахсияти вукалои мудофеъи Зайд Саидов муттаҳам кардаанд.
Ба гуфтаи хабарнигороне, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси зиддифасод, дар бораи вукалои оқои Саидов гуфта буд, ки онҳо бо озмоишгоҳи женетики мавсум ба "БИО-Папа" дар Русия "маслиҳатҳои пешакӣ" кардаанд ва "хӯроки саҳариашонро дар хонаи Саидов З.Ш. мехӯранд."
Масъулони ин озмоишгоҳ қаблан эълом карда буданд, ки асноди Ди-эн-эйи кӯдаке, ки мақомот барои исботи иддаъои таҷовуз ба номуси як зан Зайд Саидовро падари ӯ муъаррифӣ кардаанд, сиҳҳат надорад. Баръакс, ба гуфтаи масъулони ин озмошгоҳ, асноди воқеъӣ хилофи ин иддаъоро собит мекунад.
Дар баёнияи вукалои мудофеъи оқои Саидов аз қавли раиси ожонс омадааст: "Пас аз ин суханони А. Ғоиб мо фаҳмидем, ки ниҳоде, ки ӯ раҳбарии онро бар дӯш дорад, аз паси мо шабу рӯз назорат мебарад ва телефунҳои моро бар хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои қонунгузорӣ гӯш мекунанд."
Вукалои мудофеъи оқои Саидов мегӯянд, ки суханони раиси Ожонси мубориза бо фасод дар нишасти матбӯъотии рӯзи 4 феврал нисбат ба худро "ҳамчун туҳмат, таҳдид ва фишор" арзёбӣ мекунанд.
Ин се ҳуқуқдон рӯзи 17 феврал "барои ҳимоят аз шаъну шараф ва эътибори кории" худ дар мавриди Абдуфаттоҳи Ғоиб ба додгоҳ ва Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурда буданд. Онҳо аз Кумитеи давлатии амнияти миллӣ низ дархост карда буданд, ки амнияташонро таъмин кунад.
Ба дунболи ин амр, ба гуфтаи вукалои мудофеъ, афроди номаълум ба телефунҳои онҳо занг зада ва "моро ва аҳли оилаи моро таҳдид, таҳқир ва тарс" медиҳанд. Онҳо аз ҷумла паёмаки телефуниеро интишор додаанд, ки ба гӯиши омиёна навишта шуда ва ҳушдор медиҳад, ки дар зарфи се рӯз шикояти худро аз додгоҳ пас бигиранд, вагарна бо паёмадҳои нохушоянде рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Нависандаи ин паёмак ҳамчунин вукалои Зайд Саидовро ҳушдор дода, ки агар фикри худро накунанд, "фикри кӯдаконашонро" кунанд, вагарна онҳо низ базудӣ "пеши ҳаму Зайд" (яъне ба зиндон), хоҳанд рафт. Ҳар се нафар аз вакилони мудофеъ мегӯянд паёмакҳои мушобеҳеро дарёфт кардаанд.
Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров мегӯянд, ки ин "фишору таҳдидҳои телефунӣ" ба фаъъолиятҳои ҳирфаии онҳо ба унвони ҳуқуқдон рабт дорад.
Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд бар асоси қонун вакилони мудофеъ таҳти ҳимояти давлат қарор доранд, вале то кунун на Додситонии кул ва на Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба дархостҳои онон барои таъмини амнияташон посухе надодаанд.
