Вукалои Зайд Саидов раиси Ожонси зиддифасодро ба туҳмат муттаҳам карданд

  • 5 Феврал, 2014
Вукалои мудофеъи Зайд СаидовImage copyrightBBC World Service
Image caption Вукалои мудофеъи Зайд Саидов раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро ба таҳқиру туҳмат алайҳи худ муттаҳам карданд

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири маҳкумшуда, мегӯянд, ки раиси Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистонро барои “таҳқир ва туҳмат” ба додгоҳ хоҳанд кашид.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин вукалои мудофеъ, онҳо аз ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дархост хоҳанд кард, то барои таъмини амнияти онҳо иқдом кунанд.

Тавре ки Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов, рӯзи чаҳоршанбеи 5 феврал гуфт, онҳо эҳсос мекунанд, ки дар тӯли моҳҳои ахир онҳо таҳти назорат қарор доштаанд.

Аз сӯйи дигар, Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи дигари оқои Саидов, гуфт, ки суханони Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод, зимни посух ба суолоти хабарнигорон дар мавриди қазияи муваккилашон дар нишасти матбӯъотии дирӯзи ин ниҳод, аз воқеъият хеле дур буд. Ва вай афзуд, ки суханони оқои Саидов аз чорчӯби қонун низ фаротар буд.

Оқои Зокиров гуфт: "Барои мисол, ҳарфҳои ӯ дар мавриди мадраки Ди-эн-эй, ки барои муъайян кардани равобити падарии оқои Саидов нисбат ба фарзанди хонуме, ки иддаъо дорад писараш фарзанди ӯст, комилан нодуруст аст. Раиси ожонс гуфтааст, ки мо барои пуле, ки хешовандони Зайд Саидов ба мо медодаанд, ин мадракро омода сохта ва ба додгоҳ пешкаш кардаем."

Оқои Зокиров ин иддаъои Фаттоҳ Саидов алайҳи худ ва ҳамтоёнашро бепоя хонд ва афзуд, ки қонуни мавҷуда дар Тоҷикистон барои вукалои мудофеъ истифода аз тамоми равишҳо ва истондордҳои қонунӣ барои ҳимоят аз муваккилонашонро иҷоза додааст. Ва онҳо дар ҷараёни фаъъолияташон дар заминаи дифоъ аз оқои Саидов аз чорчӯби қонун по фаротар нагузоштанд.

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, ки "ҳамлаи ҷадиди раиси ожонс" ба онҳо яке дигар аз талошҳои гумроҳ кардани афкори умумӣ дар ҷомеъа аст.

Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи гузашта дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод гуфтааст, ки вукалои мудофеъи Зайд Саидов ба хотири пулҳое, ки хешовандони Зайд Саидов додаанд, мадраки "Ди-эн-эй”-ро аз Русия овардаанд.

Ҳамчунин, оқои Саидов гуфта, ки ожонси мубориза бо фасод панҷ парвандаи дигар, аз ҷумла се парванда бар асоси моддаи 245-и Қонуни ҷиноӣ ба иттиҳоми "тасарруфи амвол ба миқдори махсусан калон" ва ду парванда бар асоси моддаи 340-и ин қонун, ба иттиҳоми "ҷаъли аснод ва тақаллуб" алайҳи оқои Саидов боз кардааст.

Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва аз мубтакирони таъсиси ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” дар моҳи майи соли 2013 боздошт шуд ва авохири соли гузашта Додгоҳи олӣ ӯро барои 26 сол (ба иловаи мусодираи амвол) маҳкум ба зиндон кард.

Дар ҳамиин ҳол, Фахридидн Зокиров, гуфт, ки ду рӯз қабл Зайд Саидовро дар боздоштгоҳ дида ва ҳарчанд вазъи рӯҳии ӯ бад набуда, вале сармои рӯзҳои охир дар вазъи саломатан таъсироти манфӣ гузоштааст.

Матолиби муртабит